Эрон аз Амрико хасорат мехоҳад

Эрон аз Амрико хасорат мехоҳад

Ахбори байналмилал

Эрон хостори пардохти ғаромат аз Амрико шуд

Сайидаббос Ироқчӣ, вазири хориҷаи Ҷ.И.Эрон эълом кард, Эрон танҳо дар сурати ҷуброни хасоратҳои ҷанг, тазмини адами такрори ҳамла ва пазириши ҳаққи ғанисозӣ, вориди музокира бо Амрико хоҳад шуд. Ӯ таъкид кард, ки роҳи ҳалли низомӣ барои барномаи ҳастаии Эрон вуҷуд надорад ва танҳо роҳи ҳал, музокира аст ва Эрон ба сулҳ пойбанд аст, аммо дар баробари фишор, таҳдид ва фиреб, кӯтоҳ нахоҳад омад.

Ироқчи дар ҷараёни гуфтгӯ бо рӯзномаи Financial Times таъкид кард, Амрико бояд пеш аз оғози музокироти ҳастаӣ, бо ҷуброни хасоратҳо мувофиқат кунад.

Сайидаббоси Ироқчи ба Financial Times гуфт, Эрон пас аз даргирии 12-рӯза бо режими саҳюнистӣ, дигар ҳозир ба идомаи раванди оддии музокирот нест, чаро ки Амрико дар ҳоли музокира бо Эрон буд, ки аз диплумосӣ даст кашид ва вориди ҷанг шуд.

Ӯ дар ин мусоҳиба гуфт: “Онон бояд тавзеҳ диҳанд, ки чаро дар миёнаи музокирот, ба мо ҳамла карданд ва бояд тазмин диҳанд, ки дар оянда ин корро такрор нахоҳанд кард. Ҳамчунин бояд бобати хасороте, ки ворид кардаанд, ғаромат бидиҳанд”.

Ироқчӣ гуфт, ки дар тӯли ҷанг ва пас аз он бо Стив Уиткофф, намояндаи Амрико, паёмҳое радду бадал кардаанд ва ба ӯ гуфта, ки бояд як роҳи ҳалли бурд-бурд барои поён додан ба бунбасти чандинсола бар сари барномаи ҳастаии Эрон ёфт.

Ӯ гуфт: “Роҳи музокира борик аст, аммо ғайримумкин нест. Бояд мақомоти болодастиро қонеъ кунам, ки агар музокира кунем, тарафи муқобил бо иродаи воқеӣ барои як тавофуқи бурд-бурд ворид мешавад”.

Ироқчи гуфт, ки Уиткофф талош карда ӯро қонеъ кунад, ки аз саргирии музокирот мумкин аст ва чунин пешниҳоде ҳам дода, аммо ин диплумоти бособиқаи эронӣ афзуд: “Мо ба иқдомоти воқеии эътимодсоз аз сӯйи онҳо ниёз дорем”.

Ӯ гуфт, ки ин иқдомот бояд шомили ғаромати молӣ ва тазминҳое бошад, мабнӣ бар ин ки Эрон дар ҳини музокирот бори дигар ҳадафи ҳамла қарор нахоҳад гирифт, ҳарчанд ҷузъиёте ироа накард.

Ироқчӣ гуфт: “Паёми ман ба Уиткофф хеле печида нест. Гуфтам, таҷовузи ахир нишон дод, ки барои барномаи ҳастаии Эрон роҳи ҳалли низомӣ вуҷуд надорад, аммо метавон ба роҳи ҳалле аз тариқи музокира расид”.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Амрико таҳримҳои ҷадиде алайҳи Эрон ҷорӣ кард
Бовараш бисёр сахт аст

Матолиби пурбоздид