Эрон муҳокимаи ҷинояткорони саҳюнистро дархост кард

Эрон муҳокимаи ҷинояткорони саҳюнистро дархост кард

Ахбори байналмилал

Дархости Эрон дар СММ барои муҳокимаи ҷинояткорони саҳюнист ва ҳомиёни онҳо

Ахбори байналмилал

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал, зимни ибрози нигаронӣ аз ахбори марбут ба ҳамлаи режими Исроил ба Рафаҳ, аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, то бо таваҷҷӯҳ ба наслкушӣ дар Ғазза, иқдомоти лозимро барои муҳокима ва посухгӯии фармондеҳон, омилон ва ҳомиёни ҷиноёти ин режим дар Ғазза ва дигар сарзаминҳои ишғолии Фаластин анҷом диҳад.

Ба гузориши шабакаи Алъолам, Амирсаъид Ирвонӣ, сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милал, дирӯз (чаҳоршанбе) дар нишасти Маҷмаъи умумии Созмони Милал, ки ба манзури баҳс дар бораи ветои Омрико ба дархости узвияти комили Фаластин дар Созмони Милал баргузор шуд, тайи суханоне зимни ҳимояти комил аз узвияти Фаластин, изҳор дошт: “Мо амиқан аз иқдоми ғайримасъулонаи Иёлоти Муттаҳида ва суистифода аз вето барои ҷилавгирӣ аз эҳқоқи ҳаққи машрӯъи фаластиниҳо мутаассифем.”

Вай афзуд: “Ин ветои шармовар, ки бар хилофи иродаи ҷамъии ҷомеаи байналмилалӣ сурат гирифт, бори дигар нишон дод, ки Омрико ҳамчунон танҳо монеъ дар таҳаққуқи ормони мардуми Фаластин аст.”

Ирвонӣ гуфт: “Мояи таассуф аст, ки Иёлоти Муттаҳида ошкоро дорои шароит будани Фаластин барои узвият дар Созмони Милалро ба чолиш кашида ва сулҳдӯст будани як миллатро зери суол мебарад.”

Намояндаи доими Эрон бо интиқод аз тавҷеҳоти риёкоронаи ҳайати Омрико дар Созмони Милал ва ирҷоъи Омрико ба зарурати такмили равандҳои музокироти мавсум ба сулҳ, изҳор дошт: “Возеҳ аст, ки дар амал ҳеч талоше аз сӯйи Омрико барои водор кардани режими опортойди саҳюнистӣ ба иҷобати хостаҳои ҷаҳонӣ ва ё эҳқоқи кучактарин бахше аз ҳуқуқи фаластиниҳо сурат намегирад.”

Намояндаи доими Эрон бо ташреҳи ҷиноёти ин режим аз октябри гузашта то кунун ва бо ибрози нигаронӣ аз ахбори марбут ба ҳамлаи Исроил ба Рафаҳ, унвон кард: “Мо аз ҷомеаи байналмилалӣ мехоҳем то бо таваҷҷӯҳ ба ин иртикоби густрда ва фаҷеъи наслкушӣ, ҳамаи иқдомоти лозимро барои муҳокима ва посухгӯии тамоми фармондеҳон, омилон ва ҳомиёни ҷиноёти Исроил дар Ғазза ва дигар сарзаминҳои ишғолии Фаластин анҷом диҳад.”

Ирвонӣ дар хотима тасреҳ кард, ки аз назари Эрон роҳи ҳалли ҳамаҷонибаи масъалаи Фаластин танҳо аз тариқи таҳаққуқи комили ҳаққи мусаллами ин миллат дар таъйини сарнавишт ва эҷоди як кишвари мустақилли фаластинӣ дар тамоми сарзаминҳои фаластинӣ бо пойтахтии Қудси шариф имконпазир аст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эҳтимоли судури ҳукми боздошти мақомоти исроилӣ
Раиси Маҷлиси намояндагони Омрико: “Ин эътирозоти донишҷӯӣ нест, теруризм аст”

Матолиби пурбоздид