Ҳамлаи мушакии Сипоҳи Эрон ба мақарри ҷосусии Исроил дар Ироқ

Ҳамлаи мушакии Сипоҳи Эрон ба мақарри ҷосусии Исроил дар Ироқ

Ахбори байналмилал

Ҳамлаи мушакии Сипоҳи Посдорони Эрон ба мақарри ҷосусии Исроил дар Курдистони Ироқ ва ҳамчунин мақарри теруристҳо дар Идлиби Сурия дар посух ба амалиёти теруристии Кирмон

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон эълом кард, мақаррҳои ҷосусӣ ва маҳаллҳои иҷтимоъи гурӯҳҳои теруристии зидди эрониро дар Курдистони Ироқ ва Сурия бо мушаки болистик ҳадаф қарор додааст.

Ба гузориши хабаргузории садо ва симои Эрон, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон эълом кард, ба “мақарри ҷосусии Исроил” дар минтақаи Курдистони Ироқ ва дар ҳамин ҳол алайҳи ДОИШ дар Сурия ҳамла кардааст.

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар баёнияе эълом кард: “Охирҳои имшаб аз мушакҳои болистик барои тахриби марокизи ҷосусии Мусод ва таҷаммӯъоти гурӯҳҳои теруристии зидди эронӣ дар минтақа истифода шуд.”

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ эълом кард, марокизи ҷосусӣ ва “таҷаммӯъоти гурӯҳҳои теруристии зидди эронӣ”-ро наздики шаҳри Арбил дар шимоли Ироқ бо мушак ҳадаф қарор додааст ва дар ҳамин ҳол, ба “омилони амалиёти теруристӣ дар Ҷумҳурии Исломӣ, ба вежа ДОИШ” низ ҳамла кардааст.

Ба гузориши расонаҳои ироқӣ, се манбаъи огоҳи амниятӣ эълом карданд, садои чанд инфиҷор дар минтақае дар 40 километрии шимоли шарқи Арбил дар минтақаи Курдистон шунида шуд; минтақае, ки наздики консулгарии Омрико ва ҳамчунин манотиқи ғайри низомӣ қарор дорад.

Ду мақоми омрикоӣ дар ин хусус ба Reuters гуфтанд, дар ин ҳамалоти мушакӣ ҳеч як аз таҷҳизоти Омрико таҳти таъсир қарор нагирифтааст.

Манобеъи амниятии Ироқ эълом карданд, як мушак ба хонаи як мақоми аршади иттилоотӣ исобат ва яке дигар низ дар як маркази иттилоотии курдҳо суқут кард. Бино бар эъломи манобеъи огоҳ, се мушак ба хонаи як тоҷири барҷастаи курд исобат кард, ки мунҷар ба кушта шудани вай шуд.

Ду манбаъи бемористонӣ эълом карданд, пас аз ин инфиҷорҳо, 2 кушта ва чанд захмӣ ба як бемористони маҳаллӣ интиқол дода шуданд.

Эрон эълом кард, ки ин минтақа мавриди истифодаи гурӯҳҳои ҷудоиталаб ва ҳамчунин ҷосусони Исроил қарор мегирад.

Гуфтанист, ин моҳ, ДОИШ масъулияти ду инфиҷор дар шаҳри Кирмон дар ҷануби шарқи Эронро ба ӯҳда гирифт, ки ба кушта шудани ҳудуди 100 нафар ва захмӣ шудани даҳҳо тан дар маросими ёдбуд шаҳид сардор Қосим Сулаймонӣ мунҷар шуд.

Ҳадаф қарор гирифтани мавозеъи гурӯҳҳои теруристии такфирӣ дар 5 километрии марзи Сурия ва Туркия

Яке аз мавозеи теруристҳои такфирии ҳадаф қароргирифта дар ҳамалоти мушакии бомдоди Эрон, дар наздикии рустои Талтито дар шимоли ғарби устони Идлиб ва дар 5 километрии марзи Сурия ва Туркия қарор дорад.

Вокуниши сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Омрико ба ҳамалоти мушакии Сипоҳ ба Ироқ ва Сурия

Ба гузориши шабакаи телевизионии Алмаёдин, Адриан Уотсон, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Омрико, дар мусоҳиба бо ин шабака гуфт: “Гузоришҳое дар бораи исобати мушак ба манотиқе дар Ироқ ва Сурия дарёфт кардаем.”

Вай афзуд: “Ҳеч як аз коркунон ё таъсисоти Омрико дар ин ҳамалот ҳадаф қарор нагирифт ва мо дар бораи ҳамла ба шимоли Ироқ бо мақомоти ин кишвар ва минтақаи Курдистони дар иртибот ҳастем.”

Уотсон муддаӣ шуд: “Дар ҳоли арзёбии авзоъ ҳастем, вале шавоҳиди аввалия ҳокӣ аз ин аст, ки ин манотиқ ҳадафи ҳамалот қарор гирифтааст.”

Вокуниши Масрур Боризонӣ ба ҳамлаи мушакии Сипоҳ ба Арбил

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Рудав”, Масрур Боризонӣ, нахуствазири минтақаи Курдистони Ироқ, дар вокуниш ба ҳамлаи мушакии Сипоҳи Посдорони Эрон, аз давлати Бағдод хост, мавзеъи қотеъе дар қиболи нақзи ҳокимияти Ироқ ва минтақаи Курдистон иттихоз кунад.

Ҳадаф қарор гирифтани ҳашт мавзеъ дар атрофи консулгарии Омрико дар Арбил

Ба гузориши шабакаи телевизионии Алмаёдин, як манбаъи амниятии ироқӣ, ба шабакаи ВВС гуфт, ҳашт мавзеъ наздики консулгарии Омрико дар Арбил ҳадаф қарор гирифт.

Ин манбаъи амниятӣ афзуд: “Парвозҳо дар фурудгоҳи Арбил мутаваққиф шудааст ва ҳамалот ба ин шаҳр бисёр сангин буд.”

Инфиҷор дар пойгоҳи низомиёни омрикоӣ дар Арбил

Шабакаи телевизионии Алъаҳди Ироқ тасовире аз ҳадаф қарор гирифтани пойгоҳҳои Омрико дар шаҳри Арбили Ироқ пахш кард.

Бархе манобеъ эълом карданд, дар ин ҳамалот, пойгоҳи Алҳарири низомиёни омрикоӣ ва мақарри онҳо дар атрофи фурудгоҳи Арбил ҳадаф қарор гирифтааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Haaretz: “Сақфи дархостҳои Ҳамос бисёр болост”
Ансоруллоҳ: Омрико ва Англис дигар набояд аз Бобулмандиб убур кунанд

Матолиби пурбоздид