Эътидол
Мавлоно дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” гӯяд:
“Бояд, ки дӯстӣ дар ҳаққи касе ба ифрот набошад ва душманӣ ба ифрот набошад… (балки) миёна бояд. Ин дӯстӣ, ки ба ифрот намебояд, дар ҳаққи ғайри Ҳақ мегӯям, аммо дар ҳаққи Борӣ Таоло ҳеч ифрот мусаввар нагардад, муҳаббат ҳар чи бештар, беҳтар.
Зеро ки муҳаббати ғайри Ҳақ чун муфрит бошад ва халқ мусаххари чарху фалаканд ва чарху фалак доир аст ва аҳволи халқ доир, пас чун дӯстӣ ба ифрот бошад дар ҳаққи касе, доиман сууд (саодат ва) бузургии ӯ хоҳад ва ин мутааззир (душвор) аст, пас хотир мушавваш гардад.
Ва душманӣ чун муфрит бошад, пайваста нуҳусат ва никбати ӯ хоҳад ва чарху фалак доир аст ва аҳволи ӯ доир, вақте масъуд, вақте манҳус, ин низ, ки ҳамеша манҳус бошад, муяссар нагардад, пас хотир мушавваш гардад…”
(Мавлоно, Фиҳӣ мо фиҳӣ, саҳ.298)
* * *
Тавзеҳот
Баъзе аз афрод ин хислатро доранд, ки вақте бо яке душман мешаванд, он қадр дар душманӣ пеш мераванд, ки тасмим бар нобудии он инсон мегиранд. Дар муқобил, агар бо касе дӯст шуданд, ба андозае ба якдигар эҳсоси самимият менамоянд, ки тамоми асрори зиндагӣ ва масоили маҳрамонаи ҳаёти худро дар ихтиёри якдигар қарор медиҳанд.
Мавлоно мегӯяд, ҳеч кадом аз ин равишҳо писандида нест, балки бояд дар амри дӯстӣ ва душманӣ риояти эътидолро пеша кард.
Дар ривоят аст, ки мефармояд:
أحبب حبيبك هوناً ما، عسى أن يكون بغيضك يوماً ما، وأبغض بغيضك هونا ما، عسى أن يكون حبيبك يوماً ما
Яъне “Дӯстатро дар ҳадди эътидол дӯст бидор; чаро ки мумкин аст як рӯз душманат гардад. Ва душманатро низ дар ҳамин ҳадд душман бидор; зеро мумкин аст рӯзе дӯсти ту гардад”. (Ривояти Тирмизӣ аз Абӯҳурайра)
Ба гуфтаи Мавлоно “халқ мусаххари чарху фалаканд ва чарху фалак доир аст ва аҳволи халқ доир”, аз ин рӯ, аз куҷо маълум аст, ки рӯзе риштаи дӯстӣ ва рафоқат, ба далеле, бо он дӯсти самимият бурида шавад ва ӯ душманат гардад?! Вақте ҳам, ки душманат гардид, он вақт ибое надорад аз ин ки тамоми асрор ва розҳои туро пеши халқ фош созад.
Ва ҳамчунин, аз куҷо маълум аст, ки рӯзе як душмани ашаддиат дӯсти ту шавад, ки дар ин сурат, аз гуфтаҳо ва кардаҳои худ дар қабл аз он, назди вай шарманда хоҳӣ шуд.
Ин падида, дар дӯстӣ ва душманиҳое, ки бар мабнои манофеъ ва масолеҳи сиёсӣ бино шуда, бештар ба чашм мехӯрад. Вақте як нафар рақиби сиёсии шумост ва ба истилоҳ, душмани шумо дар арсаи сиёсат аст, дар душманӣ ва ибрози мухолифат бо вай, аз ҳадди эътидол таҷовуз накунед, ки чи басо рӯзе ҳамин рақиби сиёсӣ ба шарики сиёсии шумо бадал гардад, ки он вақт пешаш шарманда хоҳед шуд. Ва ҳамчунин, бо шарики сиёсии худ низ ба ҳадде самимӣ машавед, ки агар Худой нокарда рӯзе ба рақиби сиёсии шумо табдил гардад, он вақт баъид нест дар ростои манофеи сиёсӣ ба ифшогарӣ бипардозад ва асрори шуморо фош кунад.
Бинобар ин, риояти эътидол ва миёнаравӣ дар дӯстиҳо ва душманиҳо зарурӣ аст. Асосан, эътидол дар дини муқаддаси ислом, қаламрави васеъеро дар бар дорад; эътидол дар ибодат, эътидол дар сухан гуфтан, эътидол дар роҳ рафтан, эътидол дар хӯрдан ва ошомидан, эътидол дар қаҳру ғазаб, эътидол дар ирзои ғаризаи ҷинсӣ ва ғайра… Дар ҳамаи ин маворид бояд эътидолро инсон риоят кунад ва ба ифрот нагарояд.
Дар мавриди эътидол дар дӯстӣ ва душманӣ бояд гуфт, ки ойини муқаддаси ислом дар эҷоди равобити дӯстона ва бародарона бо афроди мусалмон, на танҳо таъкид намуда, балки аз таъсиси ин равобит дифоъ ва ҷонибдорӣ ҳам намудааст. Ва ин дӯстиро сармояҳои арзанда ва гаронбаҳое мешуморад, вале бо ифрот дар рафоқат ва дӯстӣ мухолиф аст ва хоҳони эътидол дар равобити дӯстона аст.
Дар ойини мо, дар ҳифзи риоят кардани эътидол дар равобити иҷтимоӣ, аз буғзи ифротӣ ва ҳубби ифротӣ наҳй ба амал омадааст ва баръакс дар тамоми равобити иҷтимоӣ ва дар дӯстӣ ва душманиҳо эътидол ва миёнаравӣ тавсия шудааст.
Натиҷаи муҳаббати ифротӣ пушаймонӣ ва душмании ифротӣ шармандагӣ аст.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн