Эътирози мухолифин дар Варшава, дар вокуниш ба  сафари Раҳмон ба Аврупо

Эътирози гурӯҳе аз мухолифин дар Варшава, дар вокуниш ба  сафари Раҳмон ба Аврупо

Ахбори ҷаҳон

Ба гузориши Рayom.net, гурӯҳе аз фаъолони сиёсӣ дар ҳамдилӣ бо мӯътаризони Берлин, ки алайҳи сафари Раҳмон ба Аврупо ва бо талаби озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, дар баробари Вазорати хориҷаи Олмон ва майдони Бундестаг таҷаммӯъ карда буданд, дар Варшава, пойтахти Лаҳистон низ ба эътироз баромаданд.

Муътаризин дар Варшава, бо дар даст доштани аксҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он «Раҳмонов диктатор» ва «Диктатор Раҳмон боз ист!» навишта шуда буд, назди сафоратҳои Бритониё ва Ҳолланд дар Варшава ба эътироз баромадаанд.

Инчунин ба гузориши Рayom.net , дирӯз дар Берлин ду таҷаммуи эътирозии тоҷикон баргузор шуд, ки дар солҳои ахир бесобиқа буд. Дар назди Вазорати корҳои хориҷаи Олмон ҳудуди 100 нафар ва дар майдони Бундестаг беш аз 150 нафар бо талаби манъи сафари Раҳмон ба кишварҳои озод таҷаммуъ намудаанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

19 ҳазор нафар донишҷӯён ва хонандагон дар Хуҷанд, ба «маршировка» ҷалб шудаанд
Бодкунак

Матолиби пурбоздид