Эътирози мусалмонони Ҳинд нисбат ба як филми ҷадид

Эътирози мусалмонони Ҳинд нисбат ба як филми ҷадид
Ахбори байналмилал
Танҳо як рӯз монда ба оғози намоиши як филм дар Ҳинд, гурӯҳҳои исломӣ эътирози худро дар мавриди муҳтавои ин филм эълом карданд, ба тавре, ки як гурӯҳи мусалмон барои исботи иддаоҳои матраҳшуда дар ин филм, 10 миллион рупия ҷоиза таъйин кард. Дар ин филм иддао шудааст, ки гӯё ҳазорон зани масеҳӣ ва ҳинду барои узвият дар ДОЪИШ бо “ҷиҳоди ишқ” васваса шудаанд.
Ба гузориши шабакаи Алҷазира, бар асоси он чи дар пешнамоиши филми “Достони Керала” омада, гӯё ҳазорон зану духтари масеҳӣ ва ҳинду дар доми гурӯҳҳое афтоданд, ки барои ДОЪИШ дар Ироқ ва Сурия нерӯ ҷазб мекарданд. Дар трейлери ин филм мегӯяд: “Достоне ҳавлнок, ки тавтиаи хатарнокеро ошкор мекунад, ки алайҳи Ҳинд тарроҳӣ шудааст”.
Созандагони филм мегӯянд, ин филми 138 дақиқаӣ “омезае аз достонҳои воқеии се духтари ҷавон аз манотиқи мухталифи Керала” аст. Дар ҳоле, ки дар филм иддао шуда, ки гӯё 32000 духтар маҷбур шуданд ба ДОЪИШ бипайванданд; иддаое, ки тавассути мусалмонон ва гурӯҳҳои дигар ва ҳамчунин аҳзоби сиёсии мухолиф дар Керала ва соири манотиқи Ҳинд, ба чолиш кашида шудааст.
Дабири кулли “Лиги ҷавонони мусалмон” дар бораи ин иддао мегӯяд: “Агар 32000 духтари ҳинду аз аёлат ба ДОЪИШ пайваста бошанд, ин рақам ба 10 духтар аз ҳар рустои аёлат мерасад. Чӣ гуна мумкин аст ҳеч кас аз он хабар надошта бошад?”
Созандагони “Достони Керала”, ки ифротиҳои ҳинду ҳастанд, ба “ҷиҳоди ишқ” ишора мекунанд, то аз иддаоҳои худ дар ин филм ҳимоят кунанд. Онҳо мегӯянд, ки ин филм достонҳои воқеии як тарҳи “ҷиҳоди ошиқона”-и мусалмононро нишон медиҳад, ки дар он духтарон ва занони ғайри мусалмон зоҳиран васваса мешаванд, то аз тариқи издивоҷ ба ислом гаравида ва сипас маҷбур ба пайвастан ба ДОЪИШ шаванд.
Алорағми ин ки вазири кишвари Ҳинд дар соли 2020 ба порлумон гуфт, ки чизе ба номи “ҷиҳоди ишқ” вуҷуд надорад ва таҳқиқоти давлатӣ ин иттиҳомотро рад кардааст, ин тарҳ, меҳвари филм аст.
Дар ҳамин робита, гурӯҳҳои мусалмон дар Керала барои ҳар шахсе, ки мадрак ва санаде дар мавриди иддаоҳои матраҳшуда дар ин филм ироа кунад, 10 миллион рупия ҷоиза таъйин кардаанд.
Мусалмонон мегӯянд, гурӯҳҳои ифротии ҳинду дар садади эҷоди навъе поксозии нажодӣ- фарҳангӣ алайҳи мусалмонон дар ин кишвари паҳновар ҳастанд ва бо баҳонаҳои воҳӣ монанди “ҷиҳоди ишқ” роҳро барои танаффус ва зиндагии мусолиматомези мусалмонон бастаанд.
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Такомули ҷомеаҳои башарӣ аз назари Моркс
“Мо дар ҳоли боз кардани дари ин ду “Сандуқи Пандора” ҳастем”

Матолиби пурбоздид