Эътирофи расонаҳои исроилӣ дар бораи пӯк будани “Исроил”

Эътирофи расонаҳои исроилӣ дар бораи пӯк будани “Исроил”

Ахбори ҷаҳон

Расонаҳои исроилӣ эътироф намудаанд: “Назарияи Насруллоҳ дар хусуси пӯк будани “Исроил” дар ҳоли таҳаққуқ аст”

Расонаҳои режими “Исроил” эътироф карданд, ки назарияи Сайидҳасан Насруллоҳ – дабири кулли ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон дар хусуси пӯк будани “Исроил” дар ҳоли таҳаққуқ аст.

Ба навиштаи ин расонаҳо, Насруллоҳ аз он чи дар “Исроил” мегузарад бисёр осуда аст, зеро назарияи “хонаи анкабут” дар пеши чашмонаш дар ҳоли таҳаққуқ аст.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар ҷашни озодсозии ҷануби Лубнон аз “Исроил” дар 25 майи соли 2000, Исроилро “заъифтар аз хонаи анкабут” тавсиф карда буд. Ин тавсиф аз он замон то ба имрӯз дар ҳофизаи исроилиҳо нақш баста ва расонаҳои исроилӣ пас аз суханронии ахири дабири кулли Ҳизбуллоҳ дубора онро ёдовар шуданд.

Рӯзномаи исроилии “Ҳоаретс” низ дар мақолае ба суханронии ахири дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон пардохт ва ин суханрониро “хонаи анкабути 2” тавсиф кард.

Рӯзномаи исроилии “Маорив” низ дар вокуниш ба ин суханон тасреҳ кард, ки ин суханронӣ дубора назарияи “хонаи анкабут”-и ҷомеаи Исроилро эҳё кард.

Пеш аз ин низ, шабакаи 12-и Исроил дар гузоришҳои муфассале ба таҳлили абъод ва осори суханронии ахири Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон пардохта ва навишта буд: “Насруллоҳ аз вазъияти дохилии Исроил хушҳол буд”.

(detaly.co.il)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

“Чаро иттифоқоти бад барои раҳбарони бад рух медиҳад?”
Дар ёди ту номам…

Матолиби пурбоздид