Эҳтимоли кушта шудани Ҷулонӣ
Ахбори байналмилал
Хабарнигори Алъолам бо ишора ба ҳадаф қарор гирифтани маркази аслии фармондеҳии гурӯҳакҳои теруристии мусаллаҳи Аннусра дар шаҳри Идлиб, тавассути артиши Сурия, гуфт:
Бар асоси гумоназаниҳо, Ҷулонӣ саркардаи ин ҷамоати теруристӣ дар дохили он марказ будааст ва ҳамлаи артиш ба ин қароргоҳ, боиси эҷоди як ҳалқаи амниятии густарда дар тарофи он марказ шудааст, ки баёнгари рухдодҳои муҳимме дар он ҷо буда ва ҷузъиёти бештари он ҳанӯз ба таври комил мушаххас нашудааст.
Аммо бархе расонаҳо аз кушта шудани Ҷулонӣ гузориш кардаанд, ки ин хабар таъйид ва ё такзиб нашудааст.
Қаламонлайн