Эҳтимоли судури ҳукми боздошти Натонёҳу аз сӯйи Додгоҳи Лоҳа

Эҳтимоли судури ҳукми боздошти Натонёҳу аз сӯйи Додгоҳи Лоҳа

Нишасти изтирорӣ дар Телавив дар бораи эҳтимоли судури ҳукми боздошт аз сӯйи Додгоҳи Лоҳа (Гаага)

Ахбори байналмилал

Mehrnews

Сарони Телавив бо баргузории ҷаласае вежа, мавзӯи иқдоми эҳтимолии Девони Лоҳа (Гаага) дар бораи қарори дастгирии Натонёҳу, Галлант ва Ҳалевӣ то поёни моҳи ҷорӣ ба иттиҳоми ҷинояти ҷангиро баррасӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, ҳамзамон бо афзоиши гумоназаниҳо аз иқдоми Девони додгустарии байналмилалӣ дар судури ҳукме дар бораи боздошти шуморе аз мақомҳои аршади режими саҳюнистӣ ба иттиҳоми иртикоби ҷинояти ҷангӣ дар Ғазза то поёни моҳи ҷорӣ, Шӯрои амнияти дохилии режими Исроил рӯзи чаҳоршанбе нишасти изтирорӣ баргузор кард.

Бар асоси ин гузориш, коноли 12 Исроил фош сохт, ки Телавив ба иттилооте даст ёфтааст, ки нишон медиҳад, ки Девони Лоҳа (Гаага) мумкин аст то қабл аз поёни моҳи ҷорӣ ба судури қарори дастгирии боздошти мақомоти аршади ин режим шомили Натонёҳу ба ҳамроҳи Йоав Галлант, вазири ҷанг ва Ҳертзӣ Ҳалевӣ, раиси ситоди муштараки артиш иқдом кунад.

Дар ҳамин иртибот, коноли 13 Исроил гузориш дод, ки Шӯрои амнияти дохилии ин режим сенориюҳои марбут ба қарори боздошти байналмилалии сарони сиёсӣ ва низомии ин режимро махфиёна баррасӣ кардааст.

Ин коноли исроилӣ эълом кард, ки сенориюҳои судури қарори боздошти байналмилалӣ дар мавриди Натонёҳу ба ҳамроҳи Йоав Галлант, вазири ҷанг ва Ҳертзӣ Ҳалевӣ, раиси ситоди муштараки Исроил аз сӯйи Девони байналмилалии додгустариро баррасӣ кардааст.

Панҷшанбеи ҳафтаи гузашта буд, ки шабакаи 12 Исроил фош кард, ки Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Телавив, хостори миёнҷигарии вазирони умури хориҷаи Ангилис ва Олмон барои ҷилавгирӣ аз судури қарори боздошти Девони байналмилалии додгустарӣ алайҳи худ ва дигар мақомоти ин режим шуд.

Расонаҳои саҳюнистӣ соатҳое пеш аз интишори ин хабар, тавассули Натонёҳу ба муттаҳидони ғарбиаш гузориш дода буданд, ки Исроил нигарон аст Девони байналмилалии додгустарӣ (Додгоҳи Гаага) мумкин аст дар поёни моҳ барои мақомҳои амниятӣ ва сиёсии аршади ин режим қарори боздошт содир кунад.

Mehrnews

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Яман киштиҳо ва новшикани амрикоиро ҳадаф қарор дод
Боздиди майдонии Яҳё Синвор аз манотиқи даргирӣ дар Ғазза

Матолиби пурбоздид