Як бому чанд ҳаво
Додоҷон Атовуллоев
Як бому чанд ҳаво
Ё ҳафт суол ба Мануэл Микаллер – сафири Амрико дар Тоҷикистон
1.Мӯҳтарам сафир! Шумо дар мусоҳиба бо радиои худатон мегӯед: Вашингтон ба Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллар кӯмак кардааст. Ҳичӣ нафаҳмидам, аз рӯзе, ки пойи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат расид, ҳукумати шумо ҳукумати ӯро ҳукумати худкома, фассодзада ва худашро диктатори бераҳм меномад. Ин рулети амрикоиро чӣ тавр шарҳ медиҳед? Ёрдам ба диктатор қувват бахшидан ба ӯ нест?
2.Оҳанги гуфтори шумо, ҷаноби сафир, дар он мусоҳиба оҳанги гуфтори як чиновники ҳукумати Тоҷикистонро мемонад: каҷ дору марез. «Мебинем, меандешем, мекунем». Ин таъсири ҳамнишинии тӯлонӣ бо ҳокимони мо – шумо пеш аз сафир шудан чанд сол қабл роҳбари бахши сиёсии сафорат ҳам будаед, ё чизи дигар?
Ҳоло аз муколамаи шумо:
«Радиои Озодӣ: Аммо сарфи назар аз ин нигарониҳо ва ҳам интиқоди созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, давоми ду соли охир даҳ хабарнигору блогер дар Тоҷикистон зиндонӣ шуданд. Чаро нигаронии кишварҳои ғарбӣ дигар бетаъсир аст?
Мануэл Микаллер: «Барои ҷавоб гирифтан дар ин бора шумо бояд ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кунед. Бигзор онҳо бигӯянд, ки посухашон ба ҳарфҳои сафорати Амрико ва созмонҳои ҷаҳонӣ чӣ аст». Дар 33 соли ҳамкории «судбахш»-и ҳукумати шумо, ки худро пуштибони демукросӣ дар ҷаҳон мешуморад, бо фишор ё машварати шумо як зиндонии сиёсӣ дар Тоҷикистон озод шудааст? Ба ман магӯед, ки мо ба корҳои дохилии кишварҳо мудохила намекунем.
3.Ҷаноби сафир! Пешопеш узр мепурсам, аммо шумо огоҳед, ки дар баъзе доираҳои сиёсии Тоҷикистон шуморо «сантехник – plumber» ва ё «сайёҳи амрикоӣ» меноманд? Шояд барои фаъолият ва ҳисоботҳои шумо: «ин ҷо об гузаронидем», «он ҷо бино рост кардем». Гоҳ палав мепазед…гоҳ қурутоб мехуред…гоҳ себ мечинед…Гоҳ худро марзбони Тоҷикистон ҳам мешуморед.
Шумо мегӯед: «Ман фикр мекунам, ки ин кишвар, ин ҳукумат бо таҳдидҳои воқеии берунӣ рӯ ба рӯ аст. Таҳдиди шохаи «Хуросон»-и ДОИШ, Ҷамоати Ансоруллоҳ ва гурӯҳҳои дигар ба Тоҷикистон ва дар асл ба ҳамаи мо воқеӣ аст. Боз ҳам зикр мекунам, ки ин ифротгароии хушунатомез ва терроризм таҳдиди муштарак аст. Мо талошҳо барои ҳифзи сарҳад ва ҳифзи мардуми Тоҷикистонро дар руҳияи шарикӣ идома медиҳем».
4.«Ман мавқеи усулии ҷаноби олӣ, президенти Тоҷикистонро нисбат ба низоми «Толибон» ҷонибдорӣ мекунам, ки ба ташкили ҳукумати фарогир ва ҳифзи ҳуқуқи тамоми мардуми Афғонистон даъват кард»
Ин сатрҳоро хондаму гуфтам, ки муаллифаш Бек Сабуров бошад ё ягон мубаллиғи Эмомалӣ Раҳмон? Шумо будаед.
Ҷаноби сафир! Магар ҳукумати худи Тоҷикистон, ки шумо дар он ҷо Амрикоро намояндагӣ мекунед, ҳукумати фарогир аст? Бале, ҳукумати «Толибон» қавмист, аммо ҳукумати Тоҷикистон ҳукумати хонаводагӣ нест? Кадоме зишттар аст? Чаро аз ин боб намегӯед? Чаро аз ҳама сафирони кишварҳои дигар бештар шумо бо намояндагони ин ҳукумати хонаводагӣ ва худкома селфи мекунед?
5.Дар ҳамин мусоҳибаатон вожаҳои «ифротгароӣ» ва «терроризм»-ро бисёр истифода бурдаед. Шояд асари ҳамнишинӣ бо мақомоти Тоҷикистон? Дар ҳама солҳое, ки дар кишвари моед, «террористҳо» дар Тоҷикистон чанд биноро, пулро, қасреро таркониданд? Чанд касро куштанд? Шояд ман огоҳӣ надорам.
Аммо ман огоҳам, ки террористони давлатӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон дастҷамъӣ маҳбусонро куштанд, гӯё онҳо бо нон заҳролуд шудаанд. Ҳатто сари як нафарро аз танаш ҷудо карданд. Дар Помир як гурӯҳи калони мардуми бегуноҳро дар як шаб ба қатл расониданд. Мухолиферо дар Туркия дар пеши чашми тифлаконаш нӯги тир карданд. Садҳо мухолифи дигарро аз кишварҳои гуногун дуздида оварданд. Бахшеро зиндон карданд. Аз бахше дигар хабаре нест, ки зиндаанд ё кушта шудаанд. Огоҳӣ надоред? Ё террори давлатиро шумо раво медонед?
6.Бигӯед чаро бар зидди яке аз онҳо таҳрим ҷорӣ накардед? Ё террористҳо худию бегона мешаванд? Хусусию давлатӣ?
7.Ҷаноби Макалер! Мусоҳибаи шуморо хондаву шунида ба он мерасам, ки чӣ қадар шумо талош мекунед, ки худро ба ҳукумати Тоҷикистон «ширинак» нишон бидиҳед. Шумо ҳатто як сухани обшустаи Эмомалӣ Раҳмонро, ки онро аз ӯ ҳазорон одамон пештар гуфтаанд ва як талабаи синфи 1 ҳам медонад, иқтибос меоваред: «Ман инчунин мехоҳам суханони президенти Тоҷикистонро зикр кунам, ки гуфта буд, террорист ва терроризм ватан ва миллат надорад». Ба ҷои шумо ман хиҷолат кашидам. Мабодо дар ҳамин ҷои мусоҳиба аз ҷо ҷаҳида «Тоҷикистон ба пеш!» нагуфта бошед-а?
Худо ба ҳамроҳ!
То дидор дар Душанбе!
Додоҷон Атовуллоев
Қаламонлайн