Яман: “Дигар киштиҳои Англисро низ ғарқ мекунем”

Яман: “Дигар киштиҳои Англисро низ ғарқ мекунем”

Муовини вазири умури хориҷаи Яман: “Дигар киштиҳои Англисро низ ғарқ мекунем”

Ахбори байналмилал

Irna

Пас аз ғарқ шудани як киштии англисӣ дар баҳри Сурх, ба далели ҳадаф қарор гирифтани он тавассути нерӯҳои мусаллаҳи Яман, муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар Ланданро ба ҳадаф қарор додани дигари киштиҳои бритониёӣ таҳдид кард.

Ба гузориши Ирно ба нақл аз шабакаи Алмаёдин, Ҳусайн ал-Иззӣ, муовини вазири умури хориҷаи давлати “Наҷоти миллӣ”-и Яман рӯзи якшанбе (3 март) гуфт: “Санъо ба ғарқ кардани дигар киштиҳои англисӣ идома хоҳад дод.”

Вай таъкид кард: “Ҳар гуна ҳамла ба Яман ба феҳристи иштибоҳоти Англис изофа хоҳад шуд; чаро ки Ландан дар таҷовуз ба кишвари мо даст дорад ва аз ҷиноёт дар навори Ғазза ҳимоят мекунад.”

Ин изҳорот пас аз он баён шуд, ки манобеи хабарӣ рӯзи гузашта эълом карданд, киштии англисии Rubymar, ки 13 рӯз пеш ҳадафи ҳамлаи артиши Яман дар баҳри Сурх қарор гирифта буд, ба таври комил ғарқ шудааст.

Нерӯи дарёии Яман 18-феврал киштии ёдшуда (Rubymar) бо парчами Белиз ва мутааллиқ ба Англисро дар баҳри Сурх ҳадаф қарор дод.

Ин киштӣ ҳомили 41 ҳазор тонна маводди сӯзишворӣ буд, ки тайи рӯзҳои ахир муқобили савоҳили Яман ба сурати нимағарқ қарор дошт ва шанбе ба таври комил ғарқ шуд.

Артиши Яман тайи ҳафтаҳо ва моҳҳои гузашта дар ҳимоят аз муқовамати Фаластин дар навори Ғазза чанд киштии саҳюнистӣ ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар баҳри Сурх ва тангаи Бобулмандиб ҳадаф қарор додааст.

Нерӯҳои артиши Яман мутааҳҳид шудаанд, то замоне, ки режими Исроил ҳамалоти худ ба Ғаззаро мутаваққиф накунад, ҳамалот ба киштиҳои ин режим ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар баҳри Сурх идома хоҳанд дод.

Irna

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чӣ гуна сарватманд шавам?
Ҳамлаи Ҳизбуллоҳ ба Исроил

Матолиби пурбоздид