Яман: “Таҷовузи Омрико ва Англис бидуни муҷозот нахоҳад монд!”

Яман: “Таҷовузи Омрико ва Англис бидуни муҷозот нахоҳад монд!”
Ахбори байналмилал
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, сартип Яҳё Сареъ, имрӯз (ҷумъа, 12 январ), дар баёнияе, бо таъкид бар посухи кишвараш ба ҳамлаи бомдодии Омрико ва Англис, таъкид кард, ки Санъо ҳамчунон монеъи ҳаракати киштиҳои исроилӣ ва ҳомиёни онҳо дар обҳо хоҳад шуд.
Ба гузориши Алмасира, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, дар бораи таҷовузи эътилофи омрикоӣ ба кишвар ва ҳаққи посухи Санъо ба ин ҳамалот, таъкид кард, ки “нерӯҳои мусаллаҳи мо барои дифоъ аз Яман ва ҳокимияти он дар ҳадаф қарор додани манобеъи таҳдид ва ҳамаи аҳдофи душмани мутахосим дар хушкӣ ва дарё тардид нахоҳанд кард.”
Сартип Яҳё Сареъ бо таъкид бар ин ки “масъулияти комили ин таҷовузи ҷинояткорона бар ӯҳдаи душмани омрикоӣ ва ангилисӣ аст” хотирнишон кард, ки ин ҳамалоти ваҳишёна “Яманро аз мавзеъи ҳимоят ва пуштибонии мардуми мазлуми Фаластин мунсариф нахоҳад кард.”
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман бо тавзеҳи ин ки таҷовузи омрикоӣ-ангилисӣ шомили 73 ҳамла ба Санъо ва устонҳои Ҳадида, Таъаз, Ҳиҷҷа ва Саъда буда, аз шаҳодати 5 тан ва маҷрӯҳ шудани 6 нафар аз нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш хабар дод.
Сареъ таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба мумонаъат аз тараддуди киштиҳои исроилӣ ё киштиҳое, ки озими бандарҳои Фаластини ишғолӣ ҳастанд, дар баҳри Араб ва баҳри Сурх идома хоҳанд дод.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Паёми нерӯҳои артиши Яман
Яманиҳо ба хиёбон рехтанд: “Мутаваққиф намешавем!”

Матолиби пурбоздид