Ёфтани Худо

Ёфтани Худо
Ҷуброн Халил Ҷуброн
Ду мард дар дарае роҳ мерафтанд, яке аз онҳо бо ангушт ба кӯҳ ишора кард ва гуфт:
– Он узлатгоҳро мебинӣ? Марди торики дунёе онҷо зиндагӣ мекунад, танҳо Худоро меҷӯяд ва рӯйи ин замин ҳеч чиз намехоҳад.
Марди дуввум гуфт:
– Худоро пайдо намекунад, то он гоҳ ки узлатгоҳаш ва танҳоияшро тарк кунад ва ба дунёи мо баргардад ва дар шодиҳо ва ранҷҳои мо шарик шавад ва дар ҷашни арусии мо ширкат кунад ва дар маросими азо, канори тобути мурдагони мо бигиряд.
(Ҷуброн Халил Ҷуброн, Боғи Паёмбар ва саргардон, саҳ.144)
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таҳдиди зиндон барои навиштани “Ҷумъа муборак” дар Тоҷикистон
Ҳикояти марди риёкор

Матолиби пурбоздид