Ғазза – 2
Ғазо ва ё ғазовати нав?!
Ранги шартномаи «оташбаси Лубнон» ва ашки модарони овораи Фаластин нахушкида, ҷароҳатҳои Ғаззаи аз тиру бомб тикка-тиккашуда шифо наёфта, ҷанг ба Сурия кӯчид.
Ҷанге, ки ба он солҳо омодагӣ дидаанд. Ва дар паси он Исроил, Туркия ва Амрико меистанд. Онҳо аз гумраҳон ё гӯспандҳои қурбонии ӯйғур, чечен, араб, ӯзбек ва тоҷик барои Сурия «оппозитсия» сохтаанд.
Ин «оппозитсия», ки аз каллабурҳои доъишӣ ва Абӯаблаҳон ва Абӯлаҳабон иборат аст, кай метвонист, ки пейҷерҳо ва бесимҳои сарбозони Сурияро мунфаҷир бисозад?! Аз Укройин паҳбод биёварад?! Ва бо лавозимоти ҷангии навтарин муҷаҳҳаз бошад?!
Чаро Сурия?
Сурия, охирин роҳи кӯмак ба размандагони Лубнону Фаластин буд. Ва ин раги хуни муқовимат бояд бурида мешуд. Ҳамаи даъвоҳои дигар «диктотураро шикаст додан», «демукросӣ овардан» аз он афсонаҳоест, ки ҳатто тифлакони беозор аз ин шиорҳои пуртамтароқ безор гаштаанд.
Ҷанг ба рағми Сурия идомаи ҷанг дар Фаластину Лубнон аст! Баҳси сунниву шиъа ҳам аз ҳамон бозии дерини ҷангандозон аст: тафриқа андозу ҳукумат кун!
Магар Исроили имрӯза давлати фашистӣ нест? Магар Натонёҳу Ҳитлери замона нест, ки аз кӯдаки гаҳвора то пирмарди аз роҳгардӣ бозмондаро мекушад!
Чаро ба Саъудӣ лашкар намекашед, ки ҳеч озодие дар он мамлакат нест ва рӯзноманигорро дар сафоратхонааш мисли гӯспанд мекушаду гӯшту устухонашро барои суп ҷудо мекунад!
Магар ҳамин маъшуқаи ниҳонии Натонёҳу Ардуғон набуд, ки тамоми озодиҳоро аз мардумаш гирифт?
Шумо набудед, ки 20 сол дар Афғонистон гӯё бо Толибон ҷангидеду оқибат Толибонро бар тахт шинондед? Афғонистонро ба чӣ ҳол афкандед? Фиғону нолаи ин миллат то Вашингтон мерасад ё хайр?
Ҳоло баъди ҷанги даҳсола бо ДОЪИШ боз пояндоз ба роҳи ин тӯдаи хунхор меандозед ва Сурияро ба онҳо месупоред? Ва баъд даф мезанед: ана ҳаминҳоянд мусалмонон!
Тамоми расонаҳои кишварҳои ба ном мутамаддин ва кишварҳои паршикаста, ба ин ҷанг пӯшиши ахборотӣ медиҳанд: аз CNN то як Абӯаблаҳи тоҷик (дар навор) ва аз ҳайвонҳои доъишӣ, ки то дирӯз дунёро бо онҳо метарсониданд, ҳоло қаҳрамон месозанд.
Мо, тоҷикон, як кабӯтари сафед доштем, ки ба чуғзи шумхабар табдил ёфтааст. Ҳоло кабӯтари сиёҳ пайдо шуд ва интизор хоҳем шуд, ки онро ба зудӣ чун зоғи сиёҳ хоҳем шинохт?!
«Кабӯтари сафеде», ки ҳатто як ҳарф дар бораи қатли омми мазлумони Ғазза назада буд, вале инак аз зарурати «ҷиҳод» бар зидди Башшор Асад мегӯяд!
Он рӯз мабод, ки чуғзҳои шумхабар ва зоғҳои бехоссият бар боми Тоҷикистону Эрон биншинанд!
Додоҷон Атовуллоев
Қаламонлайн