Ғизои халифа

Таърих
Ғизои халифа
Рӯзе дар маҷлиси Ҳорунаррашид (панҷумин халифаи аббосӣ), ки ҷамъе аз ашроф ҳозир буданд, сӯҳбат аз Баҳлул ва девонагии ӯ шуд. Ҳангоми хӯрдани ғизо, суфраи салтанатӣ паҳн шуд, як зарф ғизои махсус дар ҷилави Ҳорун гузоштанд.
Ҳорун ғизои худро ба яке аз ғуломон дод ва гуфт:
– Ин ғизоро барои Баҳлул бибар! (То шояд Баҳлулро ҷазби худ кунад.)
Вақте ғулом ғизоро назди Баҳлул, ки дар харобае нишаста буд гузошт, дид чанд саг дар он сӯй машғули хӯрдани лошаи улоғе ҳастанд.
Баҳлул ғизоро қабул накард ва ба ғулом гуфт:
– Ин ғизоро назди он сагҳо бигузор!
Ғулом гуфт:
– Ин ғизои махсуси халифа буд ва ба эҳтироми ту бароят фиристод, тавҳин ба мақоми халифа накун!
Баҳлул гуфт:
– Оҳиста сухан бигӯ, ки агар сагҳо ҳам бифаҳманд, аз ин ғизо намехӯранд, (зеро ки амволи дар тасарруфи халифа буда ҳалолу ҳаромаш маълум нест.)
(Ҳикоятҳои шуниданӣ, 1/120)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ду хислати хуб ва ду хислати бад
Қуръон ва Наполеон

Матолиби пурбоздид