Қазову қадар ба чӣ маъност?
“Оё метавон гуфт, ислом дини “қазо ва қадар” аст ба он мафҳуме, ки мегӯянд, ки корҳоро Худо бояд анҷом диҳад ва башар аз ин ҷараёну масир хориҷ аст ва масъулияте надорад?
Инчунон қазо ва қадаре, ки аз башар нафй ва салби озодӣ ва масъулият ва тааҳҳуд мекунад, Қуръон чунин қазо ва қадареро намепазирад.
Оё шумо дар ин замина ҷумлае болотар аз ин оят, бо тафовути мухтасаре дар ду ҷойи Қуръон омадааст, пайдо мекунед?
إِنَّ اللَّهَ لَا يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُوا مَا بِأَنْفُسِهِمْ
(“Худо ҳоли ҳеч қавмеро дигаргун нахоҳад кард то замоне, ки худи он қавм ҳолашонро тағйир диҳанд… Сураи Раъд, ояти 11))
Ин оят оби бисёри софу покест, ки бар сари “мунтазирҳо”; онҳое, ки ба интизор ҳастанд, ки ҳамеша Худо аз як роҳи ғайриоддӣ корҳоро дуруст кунад, мерезад. Интизори беҳуда накашед!
“Инна” яъне таҳқиқан матлаб ин аст. Таҳаққуқ ва воқеият ин аст, ки ҳаргиз Худованд авзоу аҳволро ба суди мардум иваз намекунад
حَتَّى يُغَيِّرُوا مَا بِأَنْفُسِهِمْ
магар вақте, ки худи он мардум он чи марбут ба худашон аст; он чи ки дар худашон ҳаст: ахлоқ, руҳия, малакот, ҷиҳат, ният ва билохира худашонро иваз накунанд.
Оё шумо метавонед сареҳтар аз ин, масъулият пайдо кунед? Он ҳам масъулият дар баробари як иҷтимоъ, яъне иҷтимоъро барои масъулият мухотаб қарор бидиҳад…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Ҳамосаи ҳусайнӣ)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн