Қатар: Дар баробари ҳамлаи Исроил кӯтоҳ намеоем

Қатар: Дар баробари ҳамлаи Исроил кӯтоҳ намеоем

Ахбори байналмилал

Вазорати хориҷаи Қатар ба шиддат ба ҳамлаи Исроил ба ин кишвар вокуниш нишон дод.

Вазорати хориҷаи Қатар эълом кард, ки таҳқиқот дар ин бора дар болотарин сатҳ дар ҳоли анҷом аст ва ба зудӣ ҷузъиёти он ба маҳзи итмоми таҳқиқот эълом хоҳад шуд.

Ба гузориши Алҷазира, Вазорати хориҷаи Қатар эълом кард, ки ҳамлаи буздилонаи режими саҳюнистӣ ба сохтмонҳо ва мақаррҳои маскунии шуморе аз аъзои дафтари сиёсии Ҳамос дар Дуҳаро маҳкум мекунад.

Вазорати хориҷаи Қатар баён кард:

“Ин таҷовузи ҷинояткорона, нақзи тамоми қавонини байналмилалӣ ва таҳдиде хатарнок барои амният ва саломати қатариҳост.”

Дар идомаи ин баёния омадааст:

“Давлати Қатар ин таҷовузро ба шиддат маҳкум мекунад ва таъкид менамояд, ки бо ин рафтори бепарво ва хасмонаи Исроил мумошот ва кӯтоҳӣ нахоҳад кард.”

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Баёнияи расмии Ҳамос
Арабистон ҳамлаи Исроил ба Қатарро маҳкум кард

Матолиби пурбоздид