Қисматҳое аз “Рисолаи сиёсат”-и Ибни Сино – II

Қисматҳое аз “Рисолаи сиёсат”-и Ибни Сино – II

Бахши дуввум

 Андар мушовирони ношоист

Ибни Сино дар бахше аз ин рисола, дар бобе таҳти унвони “Ҳамнишинони бад ва таъсири онҳо рӯи инсон”, менависад:

“Аз ҷумлаи чизҳое, ки бар фасоди ҳокимон меафзояд, роҳ ёфтани наздикон (ва мушовирон)-и ношоист ва ҳамнишинони бад дар назди онҳост.

Касоне, ки аҳду паймон (ва шарти ҳамнишинӣ)-ро шикаста ва дар ҳамроҳӣ, ба бероҳа рафтанд ва ҳокимонро дар ин муошират ва ҳамнишинӣ фиреб доданд; ба ин маъно, ки рост гуфтан ба ҳокимонро тарк карданд ва айбҳои онҳоро барояшон гӯшзад накарданд ва зиштиҳояшонро ба онҳо нишон надоданд. (Балки баръакс бо ситоишҳои дурӯғини худ, гӯши онҳоро пур карданд).

Ва агар бо ситоишҳои дурғини худ гӯшҳои онҳоро пур намекарданд ва бо мадҳҳои беасоси хеш басирати онҳоро намепӯшонданд ва ҳангоми дидани хатоҳо чашмпӯшӣ намекарданд, бешак гуноҳонашон сабуктар буд. (Аммо на танҳо ҳокимонро ба роҳи рост иршод намекунанд, ки ин худ гуноҳ аст, балки бо ситоишҳои бемаънои хеш, ҳам бар гуноҳони ҳокимон меафзоянд ва ҳам бар гуноҳони худ)”.

Идома дорад…

Таҳияи Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таълиму тарбият дар ислом – III
Тирандозӣ ва ҳамла ба шаҳри Ромуллоҳи Фаластин

Матолиби пурбоздид