Қонуни Абуалӣ Сино
Ибни Сино дар соли 403 ҳиҷрии қамарӣ дар Гургон навиштани “Қонун”-ро оғоз кардааст. Аз он ҷое, ки Шайхурраис овора буд ва ба далели ин ки намехост ба дарбори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ биравад, китоби “Қонун”-ро бо фосила ва дар чанд минтақа нигоштааст. Бахше аз китоб дар соли 405 ҳиҷрии қамарӣ навишта шудааст, қисматҳое аз он дар дарбори Шамсуддавлаи Дайламӣ ба нигориш даромада, бахше аз онро ҳам дар шаҳри Рай ва бақияро дар Ҳамадон то соли 414 ҳиҷрии қамарӣ ба поён расонидааст.
Асли китоби “Қонун” дар панҷ фасл ба забони арабӣ аст ва то кунун ба забонҳои мутаъаддиде аз ҷумла лотинӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, ангилисӣ, ибрӣ, форсӣ ва урду тарҷума шудааст. Китоби “Қонун” дар ҳудуди 800 сол дар Ғарб як китоби марҷаъ дар пизишкӣ буд.
Яке аз муҳаққиқони ҳиндӣ талхисҳо ва шарҳҳоеро, ки дар китоби “Қонун” навишта шуда шумориш карда ва мӯътақид аст, ки беш аз 200 шарҳу хулоса бар ин китоб навишта шудааст. Баъд аз шарҳҳои Қуръон ва шарҳҳое, ки бар китобҳои Муҳиддин ибни Арабӣ навишта шудааст, “Қонун” севвумин ҷойгоҳро аз они худ кардааст.
Ин китоб нахустин китоби пизишкӣ аст, ки то ин ҳадд шарҳу талхис шудааст. “Талхиси Ибни Тилмиз”, “Талхиси Абӯнаср Саъид Абулхайри Масеҳӣ”, “Аттуҳфатус-Саъдия”, “Талхиси Қонунча” тавассути Муҳаммад ибни Умари Чағминӣ ва ҳамчунин “Шарҳи Ибни Нафиси Қурашӣ”, “Туҳфаи Саъдияи Қутбуддини Шерозӣ”, “Шарҳи Ҳаким Шамсуддин Муҳаммади Омулӣ” ва “Шарҳи Садруддин Алии Ҷилонӣ” аз ҷумлаи ин осоранд.
Китоби 5 ҷилдии “Қонун”, ки тавассути Ҳаким Абдулҳамид, муассис ва раиси Донишгоҳи “Ҳамдард”-и Деҳлӣ мунташир шуда, аз ҷумлаи нусхаҳои нафисе аст, ки аз рӯи нусхаи китобхонаи Аёсуфиё навишта шуда ва гуфта мешавад, ки ин нусха аз нусхаи дастнависи худи Ибни Сино таълиф шудааст. Абдулҳамид ҳамчунин ин китобро бо чаҳор нусхаи чопии мавҷуд муқобила кардааст.
Сэр Вилём Услер (William Osler, 1849-1919), падари пизишкии мудерн, китоби “Қонун”-ро Инҷили пизишкӣ ва Ибни Синоро муаллифи машҳуртарин китоби дарсӣ, ки то он замон навишта шуда буд, медонад.
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: