Ҳазар кун зи дуди дарунҳои реш…

Адаб

Ҳазар кун зи дуди дарунҳои реш…

Агар ба як инсон бидуни ҳеч ҷурм ва ҷинояте ситам бишавад, масалан бо як тӯҳмати бепоя зиндонаш кунанд ё молу амволашро ба ғорат бибаранд ва ё масалан бе ҳеч далел ва асосе мавриди озору азият қарор бигирад ва он гоҳ даст ба дуо баланд кунад ва аз касоне ки ба ӯ ситам кардаанд ба пешгоҳи Худо шикоят бибарад ва бар онҳо дуо кунад, тибқи омӯзаҳои исломӣ, дуо ва нафрини ӯ қатъан мавриди қабул воқеъ хоҳад шуд.

Аз ҳамин рӯст, ки ҳазрати Паёмбари Акрам (с) хитоб ба Маоз ибни Ҷабал (р) фармудаанд:

اتق دعوة المظلوم، فإنها ليس بينها وبين الله حجاب

“Бипарҳез аз нафрини мазлум, зеро байни ӯ ва Худованд пардае вуҷуд надорад.” (Ривояти Бухорӣ ва Муслим). Яъне миёни вай ва Худованд парда ва ҳиҷобе нест, ки монеи пазируфта шудани дуояш шавад.

Ва шарт ҳам нест, ки ситамдида мусалмон бошад ё кофир, балки ҳамин ки ба ӯ бе ҷиҳат зулм шудааст, кофӣ аст, ки оҳу нолааш мавриди қабули даргоҳи худовандӣ қарор бигирад. Бинобар ин, дар ривояте он ҳазрат (с) зайли ҳамин гуфтор, фармудаанд:

دعوة المظلوم وإن كان كافرا ليس دونها حجاب

“… ҳарчанд ки (ситамдида) кофир бошад, байни ӯ ва Худо пардае нест.” (Ривояти Аҳмад)

Дар ҳамин робита, Саъдӣ дар “Гулистон” ҳикояти пандомӯзеро меоварад. Мегӯяд:

Золимеро ҳикоят кунанд, ки ҳезуми дарвешон харидӣ ба ҳайф ва тавонгаронро додӣ ба тарҳ. Яъне ба ситам ҳезум аз дарвешон мехарида, бо маблағе бисёр ночиз ва бо зӯр аз онон ҳезум мехарида. Соҳибдиле бар ӯ гузар кард ва гуфт:

Морӣ ту, ки ҳар киро бибинӣ, бизанӣ?

Ё бум, ки ҳар куҷо нишинӣ, биканӣ?

* * *

Зӯрат ар беш меравад бо мо,

Бо Худованди ғайбдон наравад.

Зӯрмандӣ макун бар аҳли замин,

То дуое бар осмон наравад.

Саъдӣ дар идома мегӯяд: золим аз гуфтори соҳибдил биранҷид ва рӯй аз насиҳати ӯ дарҳам кашид ва бар ӯ илтифот накард, то шабе оташи матбах дар анбори ҳезумаш афтод ва соири амволаш бисӯхт ва аз бистари нармаш ба хокистари гарм нишонд. Иттифоқан соҳибдил бар ӯ бигузашт ва дидаш, ки бо ёрон ҳамегуфт: надонам, ин оташ аз куҷо дар сарои ман афтод?

Инҷо буд, ки соҳибдил рӯ ба ӯ кард ва гуфт:

— Аз дуди дили дарвешон.

Яъне, сарчашмаи ин оташ оҳу нола ва дуо ва нафрини ҳамон дарвешоне аст, ки замоне бо зӯр ва ситам ҳезумҳояшонро меситондӣ, бо зӯр молу амволашонро ғорат мекардӣ, хешон ва наздиконат мағозаҳо ва бозорҳои он бечораҳоро бо зӯр ва иҷбор аз дасти онон мегирифтанд, он гоҳ касе набуд, ки ба додашон бирасад, на додгоҳе ба додашон расид ва на ниҳодҳои ба истилоҳ “мудофеъи ҳуқуқи башар” ба оҳи онон посух гуфтанд…

Ҳазар кун зи дуди дарунҳои реш,

Ки реши дарун оқибат сар кунад.

Ба ҳам бармакун, то тавонӣ, диле,

Ки оҳе ҷаҳоне ба ҳам баркунад.

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Талафоти артиши Исроил
Саргузашти босмачиҳо – ХI

Матолиби пурбоздид