Ҳазфи доллар аз муомилоти тиҷории бархе кишварҳо дар дастури кор аст

Таҳлили хабарӣ

Ҳазфи доллар аз муомилоти тиҷории бархе кишварҳо дар дастури кор аст

Хабар ва таҳлили иқтисодӣ

Доллар яке аз аҳруҳои фишор, дар ихтиёри Амрикост ва ҳазфи доллар ва евро аз муомилоти байни кишварҳо, фишори таҳримҳои Амрико ва Аврупоро коҳиш медиҳад.

Ахиран дар хабарҳо омадааст, ки кишварҳои Русия ва Покистон, дар садади роҳи истифода аз арзҳои миллии худ ва аз байн бурдани тиҷорат бо доллар ва евро, дар муомилоти байни худ ҳастанд.

Дар ин бора, сафири Покистон дар Русия, Шафқат Алихон таъкид намуда гуфтааст: Бонкҳои марказии ду кишвар талош доранд ҳарчи зудтар масоили амали дар заминаи аз байн бурдани доллар аз тиҷорати дуҷонибаро ҳал кунанд.

Вай инчунин дар идома гуфтааст: Бо аз байн бурдани доллар аз тиҷорати кишвараш бо Руися ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду тараф афзоиш ва нақлу интиқоли ваҷҳ миёни онҳо осон шавад.

Дар чанд соли ахир, раванди истифода аз пулҳои миллӣ дар тиҷорати дуҷониба ва чандҷониба, дар сатҳи байналмиллалӣ, дар ҳоли афзоиш аст ва кишварҳо талош мекунанд аз ин тариқ зимни тақвияти пули миллӣ вобастагии худро ба доллар ва евро коҳиш диҳанд.

Ба гуфтаи коршиносон, ин мавзуъ аз чанд ҷиҳат муҳим аст:

Аввал он ки фишорҳои таҳримии Амрико ва Аврупо бар кишварҳоро коҳиш медиҳад, зеро онҳо бо ҳар таниш дар равобит бо кишварҳое, ки қасди ҳамроҳии сиёсатҳои ғарбро надоранд таҳрим мекунанд.

Ва мавриди дигар ин аст, ки ин кор сабаби рушди тиҷорат байни кишварҳо мешавад, зеро бедуни ҳеч нигаронӣ ва маҳдудияте метавонанд мубодилоти тиҷоратиашонро афзоиш диҳанд.

Чойнодели дар ин бора муътақид аст то кунун ҳудуди 60 кишвар дар ҷаҳон омодагии худро барои истифода аз пулҳои миллӣ дар тиҷорат бо Чин эълом карданд ва ин нишон медиҳад, ки тамоюли ҷаҳонӣ барои коҳиш ва ё қатъи вобастагӣ ба доллар дар ҳоли афзоиш аст ва метавонад сабаби заиф шудани доллар дар мубодилоти тиҷоратии ҷаҳонӣ шавад, махсусан дар давроне, ки мавориди таҳрими кишварҳо, аз сӯи Амрико ва кишварҳои дигари ғарбӣ афзоиш ёфтааст.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ниёгони тоҷикон
Забон ва хатти муштарак

Матолиби пурбоздид