Ҳамалоти Яман ба Телавив ва Асқалон
Ахбори байналмилал
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман мегӯяд, ки нерӯҳои ин кишвар, бо чанд фарванд паҳпод, мавозеи режими саҳюнистиро дар Ёфо (Телавив) ва Асқалон ҳадаф қарор доданд.
Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, имрӯз (якшанбе) хабар дод, ки дар ҷараёни як амалиёти низомӣ, шуморе аз аҳдофи низомӣ ва муҳимми душмани исроилиро дар минтақаи Ёфо (Телавив) ва Асқалон воқеъ дар ҷануби Фаластини ишғолӣ ҳадаф қарор додаанд.
Сареъ бо ишора ба ин ки ин ҳамалот бо чанд фарванд паҳпод анҷом шуда ва ба ҳадаф исобат кардааст, гуфт: “Нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар посух ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва Лубнон, ба амалиётҳои низомии худ идома хоҳанд дод.”
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман таъкид кард, ки амалиётҳои ин кишвар ҷуз бо таваққуфи ҳамалоти режими саҳюнистӣ, шикасти муҳосираи навори Ғазза ва таваққуфи ҳамла ба Лубнон мутаваққиф нахоҳад шуд.
Сартип Яҳё Сареъ рӯзи гузашта низ аз ҳамлаи паҳподӣ ба бандари Илот хабар дод ва гуфт: “Дар ёрӣ ба мардуми мазлуми Фаластин ва Лубнон ва пуштибонӣ аз муқовамати он, ягони паҳподии нерӯҳои мусаллаҳи Яман ҳадафе ҳаётӣ дар минтақаи Илот воқеъ дар ҷануби Фаластини ишғолиро бо чандин фарванд паҳпод мавриди ҳамла қарор доданд.
Вай бо баёни ин ки ин амалиёт ба лутфи Худованд бо муваффақият ба аҳдофи худ расид, гуфт: “Нерӯҳои мусаллаҳи Яман, ба муқовамати мардуми Фаластин ва Лубнон дар баробари таҷовузоти душмани исроилӣ дуруд мефиристанд ва таъкид мекунанд, ба амалиёти низомӣ алайҳи ишғолгарони саҳюнист ва эъмоли муҳосираи дарёӣ алайҳи онҳо идома хоҳанд дод.
Сартип Сареъ дар поён таъкид кард, амалиёти низомии Яман то таваққуфи ҳамалоти душман алайҳи навори Ғазза ва Лубнон мутаваққиф нахоҳад шуд.
Қаламонлайн