Ҳамкории наздики амниятии Сурия ва Исроил

Ҳамкории наздики амниятии Сурия ва Исроил

Ахбори байналмилал

Ба ривояти Reuters:

“Ҳокимони ҷадиди Сурия архиви ҷосуси саҳюнистиро ба Исроил таҳвил додаанд”

Бар асоси гузоришоти расонаи Reuters, раҳбарони ҷадиди Сурия архиви Эли Коэн, ҷосуси исроилиро ба Телавив таҳвил додаанд. Ин ҷосус дар даҳаи 50 мелодӣ дар Сурия эъдом шуда буд.

Мушовири ҳокими ҷадиди Сурия гуфт, ки архиви матолиб ба унвони ибтикори ғайримустақими Сурия барои коҳиши танишҳо ва эҷоди эътимод бо Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, ба Исроил дода шудааст.

Дафтари Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил, эълом кард, ки 2500 санад, акс ва васоили шахсии мутаъаллиқ ба Эли Коэн, маъмури Мусод, дар амалиёте, ки онро махфиёна тавсиф кард, аз Сурия ба Исроил мунтақил шудааст.

Исроил эълом кард, ки ин амалиёт тавассути иттилооти Исроил бо ҳамкории як созмони иттилоотии хориҷии номушаххас барои дастёбӣ ба аснод ва мутаъаллиқот анҷом шудааст.

Расонаҳои исроилӣ дар он замон гузориш доданд, ки Мусод аснодеро аз Коэн, ки дар соли 1965 дар Димишқ эъдом шуд, аз бойгониҳои Сурия, ки тавассути нерӯҳои амниятии Сурия барои даҳаҳо ҳифз шуда буд, хориҷ кардааст.

Мақомоти ҷадиди Сурия ҳанӯз дар мавриди эъломи Исроил мабнӣ бар интиқоли асноди Коэн аз бойгонии нерӯҳои амниятии Сурия изҳори назаре накардаанд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сиёсатшиноси исроилӣ: Исроил ҷиноёти ҷангӣ алайҳи Ғазза анҷом медиҳад
Нигоҳ аз равзанаи танги нажоду миллат

Матолиби пурбоздид