Ҳамкории Озарбойҷон бо Исроил дар муқобила бо Эрон
Ахбори ҷаҳон
Payom: Рӯзномаи исроилии Ҳоаретс бо баррасии парвозҳои борӣ, ки силоҳу маводи мунфаҷира аз Исроил ба Озарбойҷон мебарад, пешбинӣ кард, ки мумкин аст ҷанги дигаре миёни Озарбойҷону Арманистон рух диҳад.
Ин рӯзнома мегӯяд, ки дар ивази силоҳ, Озарбойҷон ба фаъолиятҳои ҷосусии Исроил алайҳи Эрон кумак мекунад.
Ҳоаретс ба нақл аз манобеаш иддао мекунад, ки Озарбойҷон ба Мусод – дастгоҳи истихбороти хориҷии Исроил, иҷоза додааст то шӯъбае барои назорат бар Эрон, ҳамсояи ҷанубии Озарбойҷон, эҷод кунад ва ҳатто майдонҳое барои Исроил омода шудааст то дар сурати тасмим, бар таъсисоти ҳастаии Эрон ҳамла кунад.
Ба нақл аз ин рӯзнома, ду сол пеш, ки ҷосусони Мусод архиви ҳастаии Эронро дуздида буданд, онро аз тариқи Озарбойҷон ба Исроил мунтақил намудаанд.
Рӯзномаи Ҳоаретс бо баррасии иттилооти умумии парвози тайёраҳои борӣ дарёфтааст, ки тайи ҳафт соли гузашта, 92 парвози борӣ миёни Озарбойҷон ва пойгоҳи ҳавоии Уудо дар Исроил анҷом шудааст.
Тибқи ёфтаҳои Ҳоаретс, ҳар бор, ки даргирии низомӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон дар Қаробоғи Куҳӣ афзоиш ёфт, суръати парвозҳои борӣ миёни Боку ва Исроил низ бештар шуда буд. Дар ҳоли ҳозир ҳафт парвоз аз Озарбойҷон ба майдонҳои ҳавоии Исроил сурат гирифта ва пас аз чанд соати нишаст дубора ба мақсади Боку баргаштааст. Ин нишон медиҳад, ки Озарбойҷон дар ҳоли таҷҳизи нерӯҳояш аст.
Ҳоаретс навишт, ки равобити Озарбойҷон бо Эрон, ки аз Арманистон ҳимоят мекунад, муташанниҷтар шуда Ҷумҳурии Исломӣ борҳо дар мавриди ҳамкории наздики Озарбойҷон ва Исроил ҳушдор додааст.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн