Ҳамкориҳои низомии Амрико бо Қазоқистон ва Ӯзбекистон

Таҳлили хабарӣ

Ҳамкориҳои низомии Амрико бо Қазоқистон ва Ӯзбекистон

Ахбори минтақа

Афзоиши сатҳи ҳамкориҳои дифоӣ ва низомии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои ғарбӣ, яке аз равандҳои қобили мушоҳида пас аз феврали соли 2022 будааст.

Ба таври куллӣ, ҳазинаҳои низомии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоли афзоиш аст.

Садои Амрико ба нақл аз коршиносон, ангезаи кишварҳои минтақа барои тақвияти тавони низомиро тарс аз хатари бесаботӣ дар минтақа, бесаботии ҷаҳонӣ ва ҷанг дар Украина ва Қафқози Ҷанубӣ, рақобати нируҳои хориҷӣ барои нуфуз дар минтақа медонанд.

Қасди ин кишварҳо барои тавсиаи тавони низомӣ дар пасзаминаи машғулияти Маскав дар Украина ва рақобати қудратҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ, муҳаррики муҳкаме эҷод кардааст, ки боиси наздик шудани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ғарб ва бахусус, ба самти Амрико дар ҳавзаи низомӣ шудааст.

Далели дигари наздикии ин кишварҳо ба самти ғарб ва Иёлоти Муттаҳида дар он аст, ки акнун ин кишварҳо бо пешниҳодҳои ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои дифоӣ ва низомӣ аз сӯи ғарб рӯбарӯ шудаанд.

Бо таваҷҷуҳ ба оғози афзоиши ҳамкории низомии Амрико бо минтақа аз соли 2018, яъне ҳатто пеш аз хуруҷ аз Афғонистон, бояд гуфт, ангезаи Амрико аз ин ҳамкориҳо, яъне нуфузи низомӣ ва ҳузури амниятӣ ва пешқадам будани Вашингтон дар эҷоди ин равобит, муҳимтарин омили ин сатҳ аз ҳамкории низомии имрӯзӣ аст.

Маркази сиёсати Коспиян дар як ёддошт ба таври возеҳ навиштааст, ки ҳамкориҳои низомии феълии Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо ҳадафи эҷоди заминаи шарокат дар минтақа анҷом мешавад.

Қаламонлайн  

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Арабистон дар заминаи иқтисодӣ ва гардишгарӣ
Пос доштани хотири дарвешон ва дармондагон

Матолиби пурбоздид