Ҳамлаи артиши Яман ба киштиҳои ҷангии Омрико

Ҳамлаи артиши Яман ба киштиҳои ҷангии Омрико

Ахбори байналмилал

Almayadeen

Нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар посух ба таҷовузи Омрико ба хоки Яман ва ҳимоят аз миллати Фаластин дар амалиёти низомӣ, як нафткаш ва шуморе аз киштиҳои ҷангии омрикоиро ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши Алмаёдин ба нақл аз Алмасира, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, эълом кард: “Нерӯҳои мусаллаҳи Яман як нафткаш ва шуморе киштии ҷангии омрикоиро ҳадаф қарор доданд.”

Сартиб Яҳё Сареъ бомдоди рӯзи якшанбе (25 феврал) дар баёнияе хабарӣ таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар як амалиёти низомӣ, як нафткаш ва шуморе аз киштиҳои ҷангии омрикоиро ҳадаф қарор доданд.

Ӯ хотирнишон кард, ки нерӯи дарёии Яман бо чанд мушаки дарёӣ нафткаши омрикоии TORM THOR-ро дар халиҷи Адан ҳадаф қарор дод.

Сартип Яҳё Сареъ таъкид кард, ки шуморе аз киштиҳои ҷангии Омрико дар баҳри Сурх низ ҳадафи ҳамлаи паҳподии нерӯи ҳавоии Яман қарор гирифтанд ва ин ҳамлаҳо дар посух ба дархостҳои миллати Яман барои ҳимоят ва ёрӣ расондан ба миллати мазлуми Фаластин ва низ дар посух ба таҷовузгариҳои Омрико ва Ангилис ба хоки Яман сурат гирифт.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар ин баёния эълом кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Яман бо густариши амалиёти вежаи худ бар зидди ҳадафҳои мутахосим дар баҳри Сурх ва Араб ва барои дифоъ аз кишвар ва миллати Яман ва уммати исломӣ, бо ташдиди ҳамлаи Омрико ва Ангилис муқобила хоҳанд кард.

Дар ин баёния таъкид шудааст, ки нерӯҳои мусаллаҳ ба ҳамроҳи тамоми миллати бузурги Яман ба иҷрои вазоифи динӣ, ахлоқӣ ва инсонии худ дар қиболи миллати Фаластин идома медиҳанд ва амалиёти низомии нерӯҳои мусаллаҳи Яман танҳо дар сурате мутаваққиф хоҳад шуд, ки ҳамла ва таҷовузгариҳои артиши режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин дар навори Ғазза ва муҳосираи золимонаи ин минтақа поён ёбад.

Almayadeen

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Reuters: Як низомии омрикоӣ худро назди сафорати Исроил ба оташ кашид
Ҳамлаи ҳавоии Омрико ва Англис ба дар устони Таъази Яман

Матолиби пурбоздид