Ҳамлаи мушакии муқовамати исломии Ироқ ба бандари Ҳифо

Ҳамлаи мушакии муқовамати исломии Ироқ ба бандари Ҳифо

Ахбори байналмилал

Irna

Муқовамати исломии Ироқ бомдоди якшанбе (5 май) дар баёнияе эълом кард, ки бандари Ҳифо дар манотиқи ишғолиро бо мушаки пешрафтаи “Ал-арқаб” ҳадаф қарор додааст.

Ба гузориши Ирно, муқовамати исломии Ироқ дар 200 рӯзи гузашта, ки аз амалиёти “Тӯфон ал-ақсо” мегузарад, 243 ҳамла алайҳи мавозеъи душманон анҷом дода, ки 90 ҳадаф ба мавозеъи омрикоиҳо ва муттаҳидонаш дар хоки Ироқ, 65 ҳамла ба аҳдоф дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин ва 88 ҳамла ба мавозеъ ва пойгоҳҳои душман дар Сурия анҷом додааст.

Гурӯҳи муқовамати исломии Ироқ дар амалиёти гузашта ба сарзаминҳои ишғолӣ, ҳушдор дода буд, ки дар сурати идомаи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навор Ғазза, амалиёти худ алайҳи мавозеъи ин режимро ташдид хоҳад кард.

Ин гурӯҳ пас аз анҷоми амалиёти худ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин, ҳамвора бар ҳимояташ аз мардуми Ғазза ва ташдиди ҳамалот алайҳи ишғолгарон таъкид карда буд.

Irna

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чӣ гуна рӯзии худро афзоши диҳем?
Ансоруллоҳи Яман: Ба зудӣ амалиёти мо дар баҳри Медитарона оғоз хоҳад шуд

Матолиби пурбоздид