Ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии густурдаи артиши Яман ба киштиҳои омрикоӣ

Ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии густурдаи артиши Яман ба киштиҳои омрикоӣ

Ахбори байналмилал

Alalam

Ба гузориши Алъолам, сухангӯи артиши Яман аз иҷрои ду амалиёти вежаи мушакӣ ва паҳподӣ алайҳи як киштии омрикоӣ ва новчаҳои артиши ин кишвар дар халиҷи Адан ва баҳри Сурх хабар дод.

Бино бар гузориши Алҷазира, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи артиши Яман, бо ишора ба иҷрои ду амалиёти вежаи мушакӣ ва паҳподӣ алайҳи як киштии омрикоӣ ва новчаҳои артиши ин кишвар дар халиҷи Адан ва баҳри Сурх, изҳор дошт: “Дар аввалин амалиёт, киштии омрикоии ROPEL FORTUNE дар халиҷи Адан бо чанд мушаки дарёӣ ҳадаф қарор гирифт.

Вай хотирнишон кард: “Дуввумин амалиёт низ алайҳи теъдоде аз новчаҳои артиши Омрико дар баҳри Сурх ва халиҷи Адан бо 37 паҳпод сурат гирифт.”

Пеш аз ин, Ситоди фармондеҳии марказии артиши Омрико (CENTCOM) аз шиллики ду фарванд мушаки болистик аз сӯйи Яман ва Ансоруллоҳ ба самти як киштӣ бо парчами Сингопур дар халиҷи Адан хабар дода буд ва номе аз ҳамла ба киштӣ ё киштиҳои омрикоӣ набурда буд.

Андаке пас аз эъломи ин хабар низ CENTCOM дар баёнияе эълом карда буд: “Ансоруллоҳи Яман ҳамлаи паҳподии густурдае дар баҳри Сурх ва халиҷи Адан анҷом дод.”

Нерӯҳои артиши Яман эълом кардаанд, то замоне, ки режими Исроил ҳамалоти худ ба Ғаззаро мутаваққиф накунад, киштиҳои ин режим ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар баҳри Сурх мутаваққиф хоҳанд кард ва дар сурати адами таваҷҷӯҳ ба ҳушдорҳо, ҳадаф қарор хоҳанд гирифт.

Артиши Яман дар ҳимоят аз муқовамати миллати Фаластин дар борикаи Ғазза то кунун чандин киштии саҳюнистӣ ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар баҳри Сурх ва тангаи Бобулмандиб ҳадаф қарор додааст.

Нерӯҳои Ямани таъкид кардаанд, ки киштиронӣ дар халиҷи Адан ва баҳри Сурх барои соири киштиҳо озод аст ва онҳо аз амнияти комил бархӯрдор ҳастанд.

Alalam

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Инсоният куҷост?!
Мувофиқати сарони саҳюнист бо барномаи идомаи ҷанг

Матолиби пурбоздид