Ҳамлаи паҳподии режими саҳюнистӣ ба як худрав дар Лубнон
Ахбори ҷаҳон
Манобеи расонаӣ аз ҳамлаи паҳподии режими саҳюнистӣ ба як худрав дар марзи Лубнон ва Сурия хабар доданд.
Алҷазира дар ин бора гузориш дод, ки як худрав дар наздикии чаҳорроҳи марзии “Ал-мусаннаъ” дар дохили замини Сурия ва дар наздикии марзи Лубнон ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифт.
Ҷузъиёти бештаре аз ин ҳамла мухобира нашудааст.
Ҷумъашаб низ ҳамлаи мушобеҳе тавассути як паҳподи саҳюнистӣ ба як худрав дар минтақаи мазкур аммо дар дохили хоки Лубнон анҷом шуда буд, ки дар ҷараёни он, яке аз фармондеҳони ҷунбиши Ҳамос ба шаҳодат расид.
Қаламонлайн