Ҳамлаи паҳподӣ дар Бобулмандиб
Reuters
Як созмони вобаста ба давлати Ангилис, соате пеш (зуҳри 3 декабр), аз ҳамлаи паҳподӣ аз Яман ба тангаи Бобулмандиб ва вуқӯъи инфиҷори ношӣ аз он хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Reuters, Ожонси амалиёти тиҷории дарёии Ангилис (UKMTO) рӯзи якшанбе (3 декабр) иддао кард, ки гузоришҳое дар бораи ҳамлаи паҳподӣ ва инфиҷор дар тангаи Бобулмандиб дар баҳри Сурх дарёфт кардааст.
Тибқи иддаои ин ниҳоди давлатии Ангилис, маншаъ ва нуқтаи азимати ин паҳпод аз Яман будааст. Ожонси амалиёти тиҷории дарёии Ангилис, аз киштиҳои ҳозир дар муҷовирати ин минтақа хостааст, ки иқдомоти эҳтиётӣ дар пеш бигиранд.
Мақомҳои яманӣ то кунун изҳори назаре дар бораи иддаои Ангилис мабнӣ бар ҳамлаи паҳподӣ дар тангаи Бобулмандиб накарда ва ин хабарро таъйид ё такзиб накардаанд.
Гуфтанист, мақомоти Ансоруллоҳ ва артиши Яман тайи ҳафтаҳои ахир ва ба дунболи ташдиди ҳамалоти ҳамаҷонибаи режими саҳюнистӣ алайҳи навори дар муҳосараи Ғазза, зимни ҳимояти фаластиниён, ба иқдомоте аз қабили ҳамалоти мушакӣ ва паҳподӣ ба Фаластини ишғолӣ даст задаанд.
Яман дар идомаи ҳимоятҳои ахир аз Фаластин, ахиран як киштии исроилӣ ба номи Galaxy Leader-ро таҳти контрол даровард ва онро ба савоҳили худ мунтақил кард. Нерӯи дарёии Яман дар баёнияе эълом карда буд: “Ба амалиётҳои низомии худ алайҳи киштиҳо ва манофеъи душмани исроилӣ то замони поёни таҷовузҳо ба Ғазза ва даст кашидани душман аз ҷиноёт дар ҳаққи мардуми Фаластин идома хоҳем дод”.
Нерӯи дарёии Яман афзуд: “Ба тамоми киштиҳое, ки аз баҳри Сурх убур мекунанд, иблоғ мекунем. ки аз киштиҳои исроилӣ фосила бигиранд ва системҳои шиносоии худро хомӯш накунанд”.