Ҳамоиши нависандагони ҷавони Осиёи Миёна дар Тошканд

Ахбори ҳунарӣ

Ҳамоиши нависандагони ҷавони Осиёи Миёна дар Тошканд

Аввалин Ҳамоиши нависандагони ҷавони Осиёи Миёна дар Тошканд баргузор шуд

Дар ин ҳафта, дар шаҳри Тошканди Узбекистон, “Ҳамоиши нависандагони ҷавони Осиёи Миёна” баргузор шуд, ки дар он аз нависандаи тоҷик низ қадрдонӣ шуд.

Ҳамоиш бо ибтикори Иттифоқи нависандагони Узбекистон дар Тошканд баргузор шуд, ки дар он Заҳриддин Умаров, хабарнигори рӯзномаи “Халқ овози” ва радиои ” Овози тоҷик”  низ ширкат кард, ки аз ӯ қадрдонӣ ба амал омад.

Дар маросими ифтитоҳияи Аввалин ҳамоиши нависандагони ҷавони Осиёи Миёна, дар шаҳри Тошканд, Сироҷиддин Саид, раиси Иттифоқи нависандагони Узбекистон зимни суханронӣ гуфт: Ин конфронс роҳи беҳтареро барои тақвияти равобити дӯстона ва бародарона байни нависандагон ва адибони кишварҳои минтақа эҷод хоҳад кард.

Инчунин, раиси Иттифоқи наисандагони Узбекистон, Сироҷииддин Саид дар идомаи суханонаш изҳори назар кард: Баргузории ин ҳамоишҳо боиси тарвиҷи ҳамкориҳои адабӣ ва фарҳангии мутақобил дар кишварҳои Осиёи Миёна хоҳад буд.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шарҳи байте аз Сайидо
Ниёгони тоҷикон

Матолиби пурбоздид