Ҳамос: “Дархости задани Ғазза бо бомби атом, баёнгари хӯйи теруристии саҳюнистҳост”
Ахбори байналмилал
Ба гузориши хабаргузории Ирно, ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос), дар вокуниш ба дархости як вазири саҳюнист барои задани Ғазза бо бомби атом, эълом кард: “Гуфтаҳои яке аз вазирони ишғолгар дар хусуси андохтани бомби атом рӯйи Ғазза, бозтобдиҳандаи хӯйи теруристии режими саҳюнистӣ алайҳи миллати мост.”
Гуфтанист, Амихой Элияху, вазири ба истилоҳ мероси фарҳангии режими саҳюнистӣ, имрӯз гуфта буд, ки яке аз гузинаҳо, ки бояд баррасӣ шавад, андохтани бомби атом рӯйи Ғазза аст.
Дар пайи ин гуфтаҳои вазири саҳюнист, Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ изҳор дошт, ки изҳороти Амихой Элияху ҷудо аз воқеият аст. Натонёҳу ҳамчунин дар ҳамин росто дастури таваққуфи ҳузури Элияху дар нишастҳои кобинаро то иттилои сонавӣ дод, ки билофосила Амихой Элияху гуфт, “ман ғалат кардам!”
Қаламонлайн