Ҳамос: Муқовимат идома дорад
Ахбори минтақа
Раиси Ҳамос – дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин, дар вокуниш ба шаҳодати панҷ нафар аз муборизони фаластинӣ дар шаҳри Арриҳо таъкид кард, бо вуҷуди ҷиноятҳои имруз дар Ақабатуҷабар муқовимат идома хоҳад дошт.
Исмоил Ҳания, раиси дафтари Ҷунбиши муқовимати Фаластин – Ҳамос дар вокуниш ба террори теъдоде аз муборизони муқовимати Фаластин, дар урдугоҳи Ақабатуҷабар дар Арриҳо гуфт: Гурӯҳҳои муқовимат ба амалиётҳои худ то берун рондани ишғолгарон аз ин сарзамин идома хоҳанд дод.
Исмоил Ҳания афзуд: Диловармандони муқовимат дар урдугоҳи Ақабатуҷабар то лаҳзаи шаҳодат барои дифоъ аз сарзамин ва муқаддасоташон мубориза карданд ва набарди ҷонона аз худ ба намоиш гузоштанд.
Ҳания таъкид кард: Идомаи ҷиноёти душмани саҳюнистӣ зидди миллати Фаластин саранҷом домани ин режимро хоҳад гирифт ва мудохилаи тарафҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ҳаргиз наметавонад пеши роҳи идомаи хезиш ва муқовимати миллати Фаластинро бигирад ва душман лаҳзае оромиш нахоҳад дошт ва рузҳои сахтеро дар пеш хоҳад дошт.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн