Ҳамос: “Тӯфон ал-Ақсо”-ро то озодии комили Фаластин мутаваққиф намекунем”

Ҳамос: “Тӯфон ал-Ақсо”-ро то озодии комили Фаластин мутаваққиф намекунем”
Ахбори байналмилал
Яке аз раҳбарони ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин ва намояндаи ин ҷунбиш дар Эрон гуфт: “Тӯфон ал-Ақсо”-ро то озодии комили Фаластин ва тамоми асирон мутаваққиф намекунем. “Тӯфон ал-Ақсо” мунтаҳӣ ба баҳори озодӣ ва пирӯзии Фаластин хоҳад шуд.”
Ба гузориши хабаргузории Форс, Холид Қаддумӣ, аз раҳбарони ҷунбиши Ҳамос ва намояндаи он дар Эрон гуфт: “Имрӯз 22 рӯз аз “Тӯфон ал-Ақсо” мегузарад ва Исроил дар ин амалиёти муваффақиятомез муқобили ҷабҳаҳои муқовамат шикаст хӯрд.”
Вай афруд: “Имрӯз муқовамат таҳдиди ҷиддӣ алайҳи режими саҳюнистӣ ва ҳамроҳон ва ҳомиёнаш аст.”
Қаддумӣ тасреҳ кард: “Омрико, Бритониё, Фаронса, Олмон ва ҳомиёни режими саҳюнистӣ мегӯянд бо Исроил ҳастем, аммо мо мегӯем, мо бо Худо ҳастем.”
Вай идома дод: “Тӯфон ал-Ақсо”-ро то озодии комили Фаластин ва тамоми асирон мутаваққиф намекунем. “Тӯфон ал-Ақсо” мунтаҳӣ ба баҳори озодӣ ва пирӯзии Фаластин хоҳад шуд.”
Қаддумӣ афзуд: “Мо ниёз ба артишҳо надорем, марзҳоро боз кунед, ки миллатҳои мусалмони ҷаҳон медонанд алайҳи режими саҳюнисти чӣ кунанд.”
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Яман барои муқобила бо саҳюнистҳо утоқи амалиёт ташкил додааст
Мақоми исроилӣ: Кишварҳо дигар ба СММ пул надиҳанд

Матолиби пурбоздид