Ҳар кӣ айби хеш ҷуст…
Пандҳои ҳакимон
* Ҳар кӣ айби хеш ҷӯяд, руҳаш пок шавад.
* Тамаъ озодро банда мекунад ва қаноат бардаро озод.
* Забон ҳаҷмаш кучак ва гуноҳаш бузург аст.
* Дӯсти ту касест, ки ба ту рост гӯяд, на тасдиқат кунад.
* Дар хайр исроф нест, чунон ки дар исроф хайре нест.
* Зиндагӣ иборат аст аз: соате, ки мегузарад ва номулойимоте, ки такрор мешаванд.
* Агар нодонон сукут кунанд, ихтилоф аз миён бархезад.
* Такмили ҷавонмардӣ ба ин аст, ки ҳаққи худро фаромӯш кунӣ ва ҳаққи дигаронро ба хотир супорӣ.
* Чун ба касе бад кунӣ, онро бузург шуморӣ ва чун ба ту бад кунанд, онро кучак ҳисобӣ.
* Ҳар кӣ дар роҳи бародараш чоҳе биканад, худ дар он афтад.
* Ҳар кӣ атояш зиёд бошад, дӯстони фаровон дорад.
* Бандаи Ҳақ озод аст.
* Барои нигаҳдории илм, ҳеч чиз чун базли он ба аҳлаш нест.
* Ба Луқмони Ҳаким гуфтанд: Ту ғуломи фалон қабила нестӣ?
Гуфт: Бале.
Гуфтанд: Аз чӣ рӯ ба ин мақом (мақоми ҳикмат) расидаӣ?
Гуфт: Ростгӯӣ, амонатдорӣ, кори беҳуда накардан, пӯшидани чашм (аз номаҳрам ва айбҳои мардум), нигаҳдории забон ва маноати табъ.
Баъд идома дод: Ҳар кӣ аз ин поя камтар бошад, аз ман пойинтар аст ва ҳар кӣ бештар бошад, болотар ва ҳар кӣ дар ин рутба бошад, мисли ман аст.
(Насоеҳ)
Қаламонлайн