Ҳаргиз таслим нашавед!

Ҳаргиз таслим нашав!

“Ҳаргиз таслим нашавед; имрӯз сахт ва фардо сахттар, аммо пасфардо рӯзи рӯшане бароятон хоҳад буд!”

Фронк Клорк мегӯяд: “Агар роҳеро пайдо кардед, ки ҳеч монее дар он набуд, ба эҳтимоли зиёд, он роҳ ба ҷое намерасад”.

“Муваффақиятҳое, ки насиби афроди сабур мешавад, ҳамонҳое ҳастанд, ки тавассути афроди камтоқат раҳо шудаанд”. (Алберт Эйнштейн)

“Дигарон ба орзуҳои ту механданд, то замоне ки бо орзуҳоят битавонӣ пул дарбиёварӣ”. (Ҷеф Бизус)

Ҳеч вақт барои чизҳое, ки худат метавонӣ ба даст биёрӣ, ба касе илтимос макун!

Ҷорҷ Бернард Шоу мегӯяд: “Муваффақият ба ин маъно нест, ки ҳаргиз иштибоҳ накунем. Балки як иштибоҳро дубора такрор накунем”.

Долой Лама арзиши муваффақиятро ин гуна қиматгузорӣ мекунад: “Вақте мехоҳед муваффақияти худро арзёбӣ кунед, бубинед, чӣ чизеро аз даст додаед, ки инро ба даст овардаед”.

“Бузургтарин лаззат дар зиндагӣ анҷом додани корест, ки дигарон мегӯянд: Наметавонӣ анҷомаш бидиҳӣ”. (Роман Полонский).

Лев Толстой мегӯяд: “Ман тарҷеҳ медиҳам, афсӯс бихӯрам, ки чаро он корро анҷом додам, то ин ки афсӯс бихӯрам, кош анҷом медодам!”

Ба гуфтаи Повер: “Агар мехоҳӣ хобҳоят таъбир шаванд, аввал бояд бедор шавӣ”.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эҳсосотамонро маҳор кунем то ба шодию комёбиҳо бирасем
Дар тамоми умури зиндагӣ назм дошта бошем

Матолиби пурбоздид