Ҳизбуллоҳ: “Исроил барои оташбас ба илтимос афтод”
Ахбори байналмилал
Яке аз раҳбарони Ҳизбуллоҳи Лубнон ва намояндаи порлумони ин кишвар эълом кард, режими саҳюнистӣ дар ибтидо шиорҳои пуртамтароқеро мабнӣ бар дарҳам кӯбидани муқовамат сар медод, аммо сипас барои оташбас ба илтимос афтод.
Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, Иброҳим Мӯсавӣ эълом кард: “Душмани исроилӣ шиорҳои пуртамтароқеро мабнӣ бар нобудии муқовамат сар дод, аммо баъдан барои оташбас ба илтимос афтод.”
Вай тасреҳ кард: “Муқовамат таъкид кард, ки шаҳракнишинҳои саҳюнист ҷуз бо музокироти ғайримустақим ва оташбас, ба шимол барнамегарданд.”
Мӯсавӣ гуфт: “Музокирот ба сурати ғайримустақим анҷом мешуд ва ман таъкид мекунам, он чи ки анҷом шудааст, як маконизми иҷроӣ барои қатъномаи 1701 аст.”
Ин намояндаи порлумони Лубнон таъкид кард: “Ҳар гуна тавофуқ миёни Исроил ва Иёлоти Муттаҳида барои мо аҳаммияте надорад.”
Мӯсавӣ унвон дошт: “Замон ва мавъиди муносиб барои ташйеи пайкари Сайидҳасан Насруллоҳ, сайиди шуҳадои уммат интихоб хоҳад шуд.”
Қаламонлайн