Ҳизбуллоҳ: “То таваққуфи ҷанги Ғазза, ҳамла аз ҷануби Лубнон ба Исроил идома дорад”

Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳ: “То таваққуфи ҷанги Ғазза, ҳамла аз ҷануби Лубнон ба Исроил идома дорад”
Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, бо ишора ба ҳимояти тамомаёри муқовамати Лубнон аз Фаластин, эълом кард: “Ҳизбуллоҳ дар омодагии бисёр хубе ба сар мебарад ва ҳамла аз ин ҷабҳа ҳамчунон алайҳи режими саҳюнистӣ ва то таваққуфи комили таҷовуз ба Ғазза ҳамчунон идома хоҳад ёфт.”
Ба гузориши пойгоҳи хабарии Алъаҳд, шайх Наъим Қосим, ки дар маросими бузургдошти шуҳадои Ҳизбуллоҳ, ки дар ҷанги ахир бо режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расида буданд, сухан мегуфт, тасреҳ кард: “Бо ҳеч фарде дар хусуси шароити ҷануби Лубнон ва дар сояи идомаи таҷовузи Исроил ба Ғазза баҳсе нахоҳем дошт ва ҳар сухане танҳо замоне мавзӯият пайдо мекунад, ки ҳамалот ба Ғазза мутаваққиф шавад.”
Вай гуфт: “На таҳдид, на иғво ва на гиреҳ задани ҳаводиси ҷорӣ дар марзи ҷанубӣ бо имтиёз дар дохил наметавонад моро тарғиб кунад, чаро ки мо танҳо замоне бо касе сухан мегӯем, ки таҷовуз ба Ғазза мутаваққиф шуда ва он замон аст, ки баррасӣ мекунем, ки оё ин метавон дар бораи ин мавзӯъ бо якдигар сухан гуфт ё шароити онро надорад.”
Вай идома дод: “Аз ҳамон оғоз Ҳизбуллоҳ эълом кард, ҷабҳаи Лубнон як ҷабҳаи ёригар хоҳад буд, он ҳам ёрӣ ва кӯмаке, ки вазифа аст ва дар ростои манофеъи Фаластин ва Лубнон аст.”
Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон тасреҳ кард: “Иқдоми Ҳизбуллоҳ як иқдоми муқоваматӣ ва дифоъи қонунӣ ва машрӯъ балки воҷиб аст, чаро ки душман ҷуз забони зӯр забони дигаре намефаҳмад.”
Қосим гуфт: “Мо бо сигноли фардӣ, ки хоҳони созиш, тазъиф ё канор гузоштани силоҳ бошад, таслим нахоҳем шуд, чаро ки қудрат аст, ки сабаб шуда мо дар Лубнон мустақил ва сарбаланд зиндагӣ кунем.”
Вай идома дод: “Ҳамчунон, ки дар сояи ин қудрат тавонистем бо чолишҳо муқобила карда ва ба таваҳҳуши режими саҳюнистӣ, ки дар ҳоли густариш буд, поён диҳем.”
Муовини Сайидҳасан Насруллоҳ тасреҳ кард: “Мушаххас нест, ки ҷанг шадидтар шавад ё аз шиддати он коста шавад ва ҳамаи инҳо ба таҳаввулоти майдонии ҷанг бастагӣ дорад ва ҳамчунин тобеъи тасмимоте аст, ки Исроил мегирад, ҳарчанд ки мо дар камин буда ва барои он омода ҳастем.”
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Равил Айнуддин: “Ташкили кишвари мустақилли Фаластин, танҳо роҳи поёни хушунат дар минтақа аст”
Муқовамати Фаластин фуруди дарёии нерӯҳои Исроилро ноком гузошт

Матолиби пурбоздид