Ҳизбуллоҳ як мавзеи низомии Исроилро ҳадаф қарор дод
Ахбори байналмилал
Муқовамати исломии Лубнон эълом кард, размандагони ин ҷунбиш як мавзеи низомии режими саҳюнистиро бо истифода аз мушакҳои ҳидоятшаванда ҳадаф қарор додаанд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон, баъд аз зуҳри имрӯз (ҷумъа), эълом кард, размандагони ин ҷунбиш дар ҳамлае муваффақиятомез як мавзеи низомии режими саҳюнистиро дар хутути марзии Лубнон ҳадаф қарор додаанд.
Ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе хабар дод, мушакҳо ҳамчунин мустақиман ба низомиёни саҳюнист исобат кардаанд.
Қаламонлайн