Ҳикмати рӯз
«Гуфтори ҳар кас муаррифи ақлу фазилати ӯст».
«Мардро ба гуфтор шиносанд ва ба амал тавсиф кунанд».
«Ҳар ки дӯстонро таҳқир кунад, танҳо монад».
«Ҳар ки ҳамсоягонро хор кунад, иззат наёбад».
«Обрӯмандтарин ато он аст, ки пеш аз пурсидани он дода шавад».
«Ҳар ки бо суханони накӯҳида туро хашмгин кард, бо ҳилми нек ӯро мавъиза кун».
«Чун эҳсоне ба касе кунӣ, махфӣ нигаҳ дор ва чун дигарӣ ба ту эҳсон кунад, ошкор кун».
«Ҳар ки ба рафтори бади хеш розӣ бошад, ба пастии худ гувоҳӣ додааст».
«Аз гуфтори беҳуда бипарҳез, ки айби наҳуфтаро ошкор ва душмани хуфтаро бедор мекунад».
«Беҳтарин кори хайр, фарёдрасии додхоҳон аст».
(Насоеҳ)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн