Бо раият сулҳ кун

Адаб

Бо раият сулҳ кун

Ҳикояте пандомӯз аз Гулистони Саъдӣ

Яке аз мулуки Аҷамро ҳикоят кунанд, ки дасти татовул(1) ба моли раъият дароз карда буд ва ҷавру азият карда, то ба ҷое, ки халқ аз макоиди(2) феълаш ба ҷаҳон бирафтанд ва аз курбати(3) ҷавраш роҳи ғурбат гирифтанд. Чун раъият кам шуд, иртифоъи вилоят нуқсон пазируфт ва хазона тиҳӣ монд ва душманон зӯр оварданд.

Ҳар кӣ фарёдраси рӯзи мусибат хоҳад,

Гӯ дар айёми саломат ба ҷавонмардӣ кӯш.

Бандаи ҳалқабагӯш ар нанавозӣ, биравад,

Лутф кун, лутф, ки бегона шавад ҳалқабагӯш.

Боре ба маҷлиси ӯ китоби “Шоҳнома” ҳамехонданд дар заволи мамлакати Заҳҳок ва аҳди Фаридун. Вазир маликро пурсид:

— Ҳеч тавон донистан, ки Фаридун, ки ганҷу мулку ҳашам(4) надошт, чӣ гуна бар ӯ мамлакат муқаррар шуд?

Гуфт:

— Ончунон ки шунидӣ, халқе бар ӯ ба таъассуб(5) гирд омаданд ва тақвият карданд, то подшоҳӣ ёфт.

Вазир гуфт:

— Эй малик! Чун гирд омадани халқе мӯҷиби подшоҳист, ту мар халқро парешон барои чӣ мекунӣ? Магар сари подшоҳӣ кардан надорӣ?

Ҳамон беҳ, ки лашкар ба ҷон парварӣ,

Ки султон ба лашкар кунад сарварӣ.

Малик гуфт:

— Мӯҷиби гирд омадани сипоҳу раъият чӣ бошад?

Гуфт:

— Подшоҳро карам бояд, то бар ӯ гирд оянд ва раҳмат, то дар паноҳи давлаташ эмин нишинанд ва туро ин ҳар ду асло дар ҷибиллат(6) нест:

Накунад ҷаврпеша султонӣ,

Ки наёяд зи гург чӯпонӣ.

Подшоҳе, ки тарҳи зулм афканд,

Пойдевори мулки хеш биканд.

Маликро панди вазири носеҳ мувофиқи табъи мухолиф наёмад, рӯй аз ин сухан дар ҳам кашиду ба зиндонаш фиристод.

Басе барнаёмад, ки бани амми(7) султон ба мунозаъат хостанд ва мулки падар хостанд. Қавме, ки аз дасти татовули ӯ ба ҷон омада буданд ва парешон шуда, бар эшон гирд омаданд ва тақвият карданд, то мулк аз тасарруфи ин бадар рафт ва бар онон муқаррар шуд.

Подшоҳе, к-ӯ раво дорад ситам бар зердаст,

Дӯстдораш рӯзи сахтӣ душмани зӯровар аст.

Бо раият сулҳ кун в-аз ҷанги хасм эмин нишин,

З-он ки шоҳаншоҳи одилро раъият лашкар аст.

* * *

1) Дасти татовул дароз кардан: киноя аз зулм ва ситам кардан.

2) Макоид: ҳилаҳо, кайдҳо, макрҳо, худъаҳо.

3) Курбат: ҳузн, андӯҳ, дилгирӣ.

4) Ҳашам: хешон ва бастагон ва хидматгузорон.

5) Таъассуб дар ин ҷо ба маънои ҳимоят ва ёрӣ додан аст. Халқе бар ӯ ба таъассуб гирд омаданд, яъне мардумоне барои ҳимоят ва ёрии ӯ пиромунаш ҷамъ шуданд.

6) Ҷибилл: сиришт.

7) Бани амм: писарамуҳо.

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дарро ба рӯям бастӣ…
Дуои хайре барои Ҳаҷҷоҷ

Матолиби пурбоздид