Ҳикматнома
Ҷумалоте ҳакимона аз пешвоёни дин
Дар ин навишта, чанд нуктаи ахлоқӣ ва ҷумалоти ҳакимона, нақлшуда аз Имом Муҳаммади Боқирро барои дӯстон нашр мекунем:
“Ҳарис дар дунё монанди кирми абрешим аст, ки ҳар чӣ бештар даври худ метанад, хориҷ шудан аз пилла бар ӯ сахттар мешавад, то ин ки аз ғусса мемирад”.
* * *
“Банда гуноҳ мекунад ва ба сабаби он, рӯзӣ аз ӯ гирифта мешавад”.
* * *
“Дар корҳоят бо касе машварат кун, ки аз Худо метарсад”.
* * *
“Худро дар дунё чунон манзил деҳ, ки гӯё соате дар он манзил дорӣ ва сипас аз он кӯч мекунӣ”.
* * *
“Ҳеч чиз назди Худованд маҳбубтар аз амале нест, ки бодавом бошад, ҳарчанд андак”.
* * *
“Лабханди одамӣ ба рӯи бародари диниаш ҳасана аст”.
* * *
“Хубии дунё, ҷуз дар пайванд бо бародарон нест”.
Қаламонлайн