Ҳикматнома

Ҳикматнома

Паёбари Акрам(с) фармуданд:

“Ҳар ки ду қадам дар роҳи таҳсили илм бардорад ва ду соат дар ҳузури олим биншинад ва ду калима аз ӯ бишнавад, Худояш ду биҳишт бар ӯ ато кунад, ки ҳар як ду баробари дунё бошад”.

* * *

“Ду табақаи уммат аз шафоати ман маҳруманд: зимомдори ситамкор ва гуноҳкори ошкор”.

* * *

“Имон ва ҳаёро ба як ришта бастаанд; ҳар гоҳ яке рафт, он дигар ҳам хоҳад рафт”.

* * *

“Савоби ду ибодат аз ҳама зудтар мерасад: эҳсон ба хешовандон ва ёрии ситамдида. Ва кайфари ду гуноҳ аз ҳама сареътар дода мешавад: аз хешон буридан ва ба мардум ситам кардан”.

* * *

“Чи басо фарқ аст миёни коре, ки лаззаташ биравад ва гуноҳаш бимонад ва коре, ки ранҷаш бигзарад ва аҷраш андӯхта шавад. (Аввалӣ корҳои ҳаром аст ва дуввумӣ амалҳои солеҳ)”.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷиноёти ғарбиён дар торих
Бар дилбари девона бигӯед биёяд…

Матолиби пурбоздид