Ҳикоёте аз Гулистони Саъдӣ
Ҳикояти Анушервон ва ғуломаш
Овардаанд, ки Анушервони Одилро дар шикоргоҳе сайд кабоб карданд ва намак набуд. Ғуломе ба русто рафт то намак орад.
Нуширвон гуфт: Намак ба қимат бистон, то расме нашаваду деҳ хароб нагардад.
Гуфтанд: Аз ин қадр чӣ халал ояд?
Гуфт: Бунёди зулм дар ҷаҳон аввал андаке будааст. Ҳар ки омад, бар ӯ мазиде карда то бад-ин ғоят расида.
* * *
Агар зи боғи раият малик хурад себе
Бароваранд ғуломони ӯ дарахт аз бех.
Ба панҷ байза, ки султон ситам раво дорад
Зананд лашкариёнаш ҳазор мурғ ба сих.
(Гулистони Саъдӣ)
Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн