Ҳикояти ҷолибе аз Муҳаммад ибни Сирин

Таърих

Ҳикояти ҷолибе аз Муҳаммад ибни Сирин

Ҳикоят

Ин ҳикоят дар бораи Муҳаммад ибни Сирин, аз машоҳири тобеин ва муҳаддисони номӣ аст ва касе, ки китоби “Таъбири хоб”-ро ба ӯ нисбат медиҳанд.

Муҳаммад ибни Сирин достоне шабеҳи достони ҳазрати Юсуф (а) дорад. Ин ҳикоятро дар китоби “Алкуно вал-алқоб” овардааст.

Ҳикоят ин аст:

Ибни Сирин ҳам сирате зебо дошт ва ҳам сурате дилкаш. Ӯ дар аёми ҷавонӣ дар дӯкони баззозӣ (порчафурӯшӣ-матоъфурӯшӣ) ба унвони шогирд кор мекард. Як зани зебо ва сарватманд ба баҳонаи хариди порча ба мағозаи онҳо бисёр рафту омад мекард. Харидани порча (матоъ) баҳона буд, аммо воқеият як чизи дигар.

Як рӯз ин зан ба дари мағоза омад ва дастур дод, миқдори зиёде порча ҷудо карданд, он гоҳ ба узри ин ки қодир ба ҳамли инҳо нестам, ба илова, пул ҳамроҳ надорам, ба соҳиби дӯкон гуфт:

— Порчаҳоро бидиҳед ин ҷавон биёварад ва дари хона ба ман таҳвил диҳад ва пул бигирад.

Муқаддимоти кор қаблан аз тарафи зан фароҳам шуда буд. Хона аз ағёр холӣ буд, ҷуз чанд каниз, касе дар хона набуд.

Муҳаммад ибни Сирин, ки унфувони ҷавониро тай мекард ва аз зебоӣ бебаҳра набуд, порчаҳоро ба дӯш гирифт ва ҳамроҳи он зан омад.

То ба даруни хона дохил шуд, дар аз пушт баста шуд. Ибни Сирин ба дохили утоқи муҷаллал роҳнамоӣ гашт. Ӯ мунтазир буд, ки хонум ҳарчӣ зудтар биёяд, ҷинсро таҳвил бигирад ва пулро бипардозад.

Интизор ба тӯл анҷомид. Пас аз муддате, парда боло рафт. Хонум дар ҳоле ки худро ҳафт қалам оройиш карда буд, бо ҳазор ъишва, по ба даруни утоқ гузошт.

Ибни Сирин дар як лаҳзаи кӯтоҳ фаҳмид, ки доме барояш густарда шудааст. Фикр кард, бо мавъиза ва насиҳат ё бо хоҳиш ва илтимос, хонумро мунсариф кунад. Дид, беҳосил аст. Хонум ишқи сӯзони худро барои ӯ шарҳ дод, ба ӯ гуфт:

— Ман харидори аҷноси шумо набудам, харидори ту будам!

Ибни Сирин забон ба насиҳат ва мавъиза гушуд ва аз Худо ва қиёмат сухан гуфт, аммо дар дили зан асар накард. Илтимос ва хоҳиш кард, фоида набахшид. Зан гуфт:

— Чорае нест, бояд коми маро бароварӣ.

Ва ин зан ҳамин ки дид Ибни Сирин дар ақидаи худ пофишорӣ мекунад, ӯро таҳдид кард ва гуфт:

— Агар ба ишқи ман эҳтиром нагузорӣ ва маро комёб насозӣ, ҳамин алъон фарёд мекашам ва мегӯям, ин ҷавон нисбат ба ман қасди бад дорад. Он гоҳ маълум аст, ки чӣ бар сари ту хоҳад омад.

Мӯй бар бадани Ибни Сирин рост шуд. Аз тарафе, имон ва ақида ва тақво ба ӯ фармон медод, ки покдомании худро ҳифз кун. Аз тарафи дигар, сар боз задан аз таманнои он зан, ба қимати ҷону обрӯ ва ҳама чизаш тамом мешавад. Чорае ҷуз изҳори таслим надид.

Аммо фикре мисли барқ ба хотираш омад. Фикр кард, як роҳ боқӣ аст. Ва он ин ки: коре кунам, ки ишқи ин зан табдил ба нафрат шавад ва худаш аз ман даст бардорад. Агар бихоҳам домани тақворо аз олудагӣ ҳифз кунам, бояд як лаҳза олудагии зоҳирро таҳаммул кунам.

Аз ин рӯ, ба баҳонаи қазои ҳоҷат, аз утоқ берун омад ва ба ҳоҷатхона рафт ва бадани хешро бо касофат олуда сохт. Дақоиқе пас бо вазъу либоси олуда ба касофат аз мустароҳ баргашт ва ба тарафи зан омад.

То чашми он зан ба ӯ афтод, рӯй дарҳам кашид ва фавран ӯро аз манзила берун кард.

(Манбаъ: Алкуно вал-алқоб, Шайх Аббоси Қуммӣ, 41/14)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муборак
Худшиносӣ ва саодат – II

Матолиби пурбоздид