Ҳиммат ва ҷавонмардӣ
Ҳикоят
Ҳотами Тойро гуфтанд:
– Аз худ бузургҳимматтар дар ҷаҳон дидаӣ ё шунидаӣ?
Гуфт:
– Бале. Рӯзе чиҳил шутур қурбонӣ карда будам умарои арабро. Пас ба гӯшаи саҳрое ба ҳоҷате берун рафта будам. Хорканеро дидам пушта фароҳам оварда.
Гуфтамаш:
– Ба меҳмонии Ҳотам чаро наравӣ, ки халқе бар симоти ӯ гирд омадаанд?
Гуфт:
Ҳар кӣ нон аз амали хеш хурад
Миннат аз Ҳотами Тойӣ набарад.
Ман ӯро ба ҳиммату ҷавонмардӣ аз худ бартар дидам.
Боби севвуми “Гулистон” – “Дар фазилати қаноат”
Қаламонлайн