Ҳодисаи Карбало (6)
Ҳусайн кист?
Одамҳо ҳақ доранд аз Ҳусайн ва ин ки чаро то ба ин ҳадд барои ӯ баъзеҳо арҷ мегузоранд ва дар айёми шаҳодаташ барои вай гиря мекунанд, бипурсанд.
Ва балки ҳақ доранд тааҷҷуб кунанд, ки чаро аз миёни садҳо ва балки ҳазорон шаҳид, ӯро барои гиромидошт махсус кардаанд?! Магар мо дар таърихи Ислом андак дорем шаҳидоне, ки мисли Имом Ҳусайн дар майдонҳои набард бо ситамгарон ҷоми шаҳодат нӯшидаанд?!
Дар ин ёддошт, андаке дар бораи Имом Ҳусайн ва шарҳи ҳоли ӯ ва ҷойгоҳаш назди ҳазрати Паёмбар (с) менависем, он ҳам бо такя бар мувассақтарин манобеъ ва ривоятҳои саҳеҳа, ки касе бар онҳо қодир ба ишкол гирифтан нест, то равшан шавад чаро Имом Ҳусайн аз миёни ин ҳама шуҳадои саҳобӣ ва тобеъин, барои гиромидошт махсус карда шудааст.
Ҳусайн, писари Фотимаи Заҳро – духтари гиромии Паёмбари Акрам (с) ва сарвари бонувони олам ва Алист ва дар соли 4–уми ҳиҷрӣ дар Мадинаи Мунаввара ба дунё омад.
Ҳазрати Паёмбар (с) номи ӯро Ҳусайн гузошт. Куняи он бузургвор Абӯабдуллоҳ ва алқоби муборакаш иборатанд аз: Сибти Расулуллоҳ, Сайиди шабоби аҳли ҷаннат, Райҳонаи Расулуллоҳ, ки ҳамагӣ баргирифта аз аҳодиси Паёмбари Худо (с) аст.
Паёмбари Акрам (с) на танҳо алоқа ва муҳаббате фаровон ба Имом Ҳусайн ва бародараш Имом Ҳасан дошт, балки бино бар ривояте, ки Тирмизӣ нақл мекунад, ҳазраташ аз Худованд хостааст, ҳар он касеро, ки ба ин ду бузургвор алоқа ва муҳаббат дошта бошад, дӯст бидорад:
هَذانِ ِابنایَ وَاِبنَا اِبنَتِی اللهُمَّ اِنِّی اُحِبُّهُما فَاَحِبّهُما وَاحِبَّ من یُحِبُّهُما
“Ин ду, писарони ман ҳастанд ва писарони духтарам. Худоё! Ман онҳоро дӯст дорам, пас дӯст бидор ин дуро ва низ дӯст бидор ҳар касеро, ки онҳоро дӯст медорад”. (Сунани Тирмизӣ, 12/239, Ашшомила)
Аз назари ҳазрати Паёмбари Акрам (с), ҳар касе нисбат ба Имом Ҳусайн ва бародари бузургвораш Имом Ҳасан муҳаббат дорад, Паёмбарро дӯст дошта ва ҳар касе, ки заррае нисбат ба он ду дар дил нафрат ва бадбиние дорад, ин бадбинӣ аломат ва нишонаи бадбинӣ ва душманӣ бо шахси ҳазрати Паёмбар (с) аст. Дар ривояти саҳеҳе, ки Ибни Моҷа нақл карда мехонем:
مَن اَحَبَّ الحَسَنَ وَالحُسَینَ فَقَد اَحَبَّنِی وَمَن اَبغَضَهُما فَقَد اَبغَضَنَی
“Ҳар кас Ҳасану Ҳусайнро дӯст дорад, маро дӯст доштааст ва ҳар ки душманашон бидорад, маро душман доштааст”. (Сунани Ибни Моҷа, 1/51, Ашшомила)
Ва дар ҷойе дигар мефармояд:
الحَسَن والحُسَین إبنایَ مَن أحَبَّهُما أحَبَّنِی وَمَن أحَبَنِّی أحَبّهُ الله ومَن أحَبَّهُ الله أدخَلَه الجَنَه ومَن أبغَضَهُما ابغَضَنِی ومَن اَبغَضَنِی أبغَضَهُ اللهُ ومَن أبغَضَهُ اللهُ أدخَلَه ُ النار
“Ҳасан ва Ҳусайн писарони ман ҳастанд, ҳар кас онҳоро дӯст бидорад, маро дӯст доштааст ва ҳар ки маро дӯст дорад, Худо ӯро дӯст медорад ва ҳар касеро, ки Худо дӯст бидорад, ӯро вориди биҳишт мекунад. Ва ҳар кас онҳоро душман бидорад, маро душман доштааст ва ҳар кас маро душман бидорад, Худо ӯро душман медорад ва ҳар касро, ки Худо душман бидорад, ӯро дохили дӯзах мекунад”. (Мустадраки Ҳоким, 11/88, Ашшомила)
Аз назари Паёмбари Акрам (с), ҳар ки бо Имом Алӣ, Фотима, Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн ҷангид, бо Паёмбар (с) ҷангида. Ӯ (с) хитоб ба онҳо мефармояд:
انا سَلمٌ لِمَن سالمتُم وحربٌ لمن حاربتُم
“Ман дар сулҳу созишам бо ҳар кас, ки бо шумо дар сулҳу созиш аст ва дар ҷангу набардам бо касе, ки бо шумо дар ҷангу ситез аст”. (Сунани Ибни Моҷа, 1/174, Ашшомила)
Лозим ба ёдоварист, ин ҳама таъкидҳои ҳазрати Паёмбар бар дӯст доштани ин ду бузургвор на танҳо бад-он ҷиҳат аст, ки онон фарзандони ӯ ҳастанд ва ҳар инсоне фитратан алоқа ба фарзандонаш дорад. Ҳаргиз чунин нест. Гуфтор ва рафтор ва мавзеъҳои ҳазрати Паёмбар (с) аз ҳаво нест, балки аз як ҷиҳат, ҳама ваҳйи илоҳӣ ҳастанд:
وَمَا يَنطِقُ عَنِ الْهَوَى. إِنْ هُوَ إِلَّا وَحْيٌ يُوحَى
“Ӯ аз сари ҳавас сухан намегӯяд. Ин сухан ба ҷуз ваҳйе, ки ваҳй мешавад нест”. (Сураи Наҷм, оятҳои 3 ва 4)
Балки алоқа ва муҳаббати он ҳазрат ва суфориши эшон ба мусалмонон мабнӣ бар он ки ба он ду бузургвор алоқа дошта бошанд, бад-ин хотир аст, ки қивоми ойини ислом ба онҳост ва онҳо пас аз реҳлати ҳазрати Паёмбар (с) дунболакунандагони роҳу равиши ҷадди бузургворашон ва эҳёкунандагони ин роҳ хоҳанд буд.
Аз ҳамин ҷост, ки вақте фарде мисли Язид, ки шаробхора ва беҳаё ва сагбозе беш набуд ва падараш Муовия ӯро бар маснади хилофат нишонд, Имом Ҳусайн алайҳи ин бадсигол қиём кард ва бо хуни хеш ойини исломро наҷот дод.
Имом Ҳусайн, хитоб ба ёрони андак вале мусаммами хеш дар рӯзи Ошуро ва пеш аз шаҳодаташ мегӯяд:
“Эй мардум! Расули Худо (с) фармуд: “Ҳар кас таъйид кунад ҳокими ситамгареро, ки ҳаромҳои илоҳиро ҳалол ва паймони Худовандро мешиканад ва бо суннати ман мухолифат мекунад ва ситам бар бандагони Худо раво медорад ва ба инкори ӯ барнахезад, ҳақ аст бар Худо, ки ӯро вориди оташи ҷаҳаннам кунад.” Инон (Язиду язидиён) мутеъи фармони шайтон шуданд, аз итоати Худо сарпечӣ намуданд ва фасод карданд, ҳудуди илоҳиро иҷро накарданд, байтулмолро махсуси худ сохтанд, ҳароми Худоро ҳалол ва ҳалоли Худоро ҳаром карданд. Ман (Ҳусайн ибни Алӣ) сазовортарини мардум ҳастам ба наҳй кардан ва боздоштани онҳо аз ин гуна аъмоли нописанду накӯҳида…”
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн