Ҳодисаи Карбало – 8 

Таърих
Ҳодисаи Карбало – 8 
Шаҳодати Алии Акбар
Се писари Имом Ҳусайн Алӣ ном доштанд: Алии Акбар, Алии Авсат ва Алии Асғар (Абдуллоҳ). Акбар яъне бузургтар, авсат миёна ва асғар кучактар.
Алии Авсат ҳамон Имом Зайнулобидин, Алӣ ибни Ҳусайн аст, ки танҳо марди зинда ва барҷоймонда аз фоҷеаи Карбалост. Достони ӯ ҷудост ва дар як фурсати муносиб, дар борааш менависам.
Инак, дар ин ёддошт ва ба муносибати Ошуро, дар бораи чигунагии шаҳид гардидани Алии Акбар менависам:
Баъд аз он ки ёрони Имом Ҳусайн яке пас аз дигар, ҷоми шаҳодат нӯшиданд, аҳли байт ва наздикони Имом Ҳусайн, барои набард, аз Имом иҷоза хостанд. Яке аз онҳо писари Имом Ҳусайн, Алии Акбар ибни Ҳусайн буд.
Хоразамии Ҳанафӣ гӯяд:
فَلَمّا رَآهُ الحُسَینُ علیه السلام رَفَعَ شَیبَتَهُ نَحوَ السَّماءِ وقالَ: اللّهُمَّ اشهَد عَلى هؤُلاءِ القَومِ، فَقَد بَرَزَ إلَیهِم غُلامٌ أشبَهُ النّاسِ خَلقاً وخُلُقاً ومَنطِقاً بِرَسولِکَ مُحَمَّدٍ صلى الله علیه و آله، کُنّا إذَا اشتَقنا إلى وَجهِ رَسولِکَ نَظَرنا إلى وَجهِهِ
“Ва ҳангоме ки Имом Ҳусайн ӯро (Алии Акбарро) дид, маҳосин ва риши сапедашро рӯ ба осмон кард ва гуфт: Худоё! Ту бар ин қавм гувоҳ бош, ки ҷавоне ба сӯйи онон рафт, ки аз назари чеҳра, рафтор ва сухан гуфтан, шабеҳтарини мардум ба Паёмбарат Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ буд ва мо ҳар гоҳ муштоқи дидани чеҳраи мубораки Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ мешудем, ба рӯйи ӯ менигаристем…” (Мақотилут-Толибийин, 2/30-31)
Алии Акбар бар сипоҳи душман ҳамла кард, дар ҳоле ки ин раҷазро мехонд:
أَنَا عَلِيُّ بْنُ اَلْحُسَيْنِ بْنِ عَلِيٍّ
نَحْنُ وَ بَيْتِ اَللَّهِ أَوْلَى بِالنَّبِيِّ
وَاَللهِ لاَ يَحْكُمُ فِينَا اِبْنُ اَلدَّعِيِّ
أَطْعَنُكُمْ بِالرُّمْحِ حَتَّى يَنْثَنِي
أَضْرِبُكُمْ بِالسَّيْفِ حتی یلتوي
ضَرْبَ غُلاَمٍ هَاشِمِيٍّ عَرَبِيٍّ
“Ман Алӣ фарзанди Ҳусайн ибни Алӣ ҳастам.
Ба хонаи Худо савганд, ки мо ба Паёмбар наздиктар ва шоистатарем.
Ба Худо савганд, ки фарзанди зинозода (ишора ба Убайдуллоҳ ибни Зиёд) дар миёни мо ҳукумат нахоҳад кард.
Бо найза набард мекунаматон, то замоне, ки каҷ гардад.
Бо шамшер мезанаматон, то каҷ шавад.
Задани ҷавони ҳошимии арабӣ.”
(Ҳамон манбаъ, 2/30-31)
Бино бар навиштаи Хоразмӣ, Алии Акбар то ба ҳадде ҷангид ва афроди сипоҳи душманро ба дарак восил кард, ки душман дод зад. Ӯ ҷароҳатҳо ва захмҳои зиёд бардошта буд.
Сипас Алии Акбар ба назди падараш омад ва арз кард, ки падарҷон! Сахт ташна шудам, оё ҷуръаи обе ҳаст, то бинӯшам ва нерӯ гирам ва алайҳи душман биҷангам?!
Аммо обе набуд, душман обро бар рӯйи Ҳусайн ва ёронаш баста буданд. Имом Ҳусайн гирист ва гуфт: Писарҷон! Бар ҷаддат Муҳаммад (с) ва Алӣ бисёр сахт аст, ки аз онҳо чизеро бихоҳӣ ва онҳо натавонанд кӯмакат кунанд.
Сипас, Имом Ҳусайн ангуштари худро ба писараш дод ва ба ӯ гуфт, ин ангуштарро ба даҳонат андоз (то андаке рафъи ташнагӣ шавад) ва ба майдони набард баргард ва биҷанг. Ва бидон, ки то шомгоҳ намонӣ, ба назди ҷаддат Муҳаммад (с) меравӣ ва ӯ бо косаи худ туро сероб хоҳад кард, ба дараҷае, ки дигар ташна намемонӣ.
Алии Акбар ба майдони набард баргашт ва ин раҷазро мехонд:
الحرب قد بانت لها الحقائق
و ظهرت من بعدها مصادق
والله رب العرش، لا نفارق
جموعكم أو تغمد البوارق
“Ҷанг аст, ки гавҳари мардонро ошкор мекунад ва ростӣ ва дурустии даъвоҳо пас аз поёни он равшан мегардад.
Ва савганд ба Худо, парвардигори арш, ки аз ин дастаҳои сипоҳ ҷудо намешавем магар ин ки шамшерҳо дар ғилоф биравад!”
(Ҳамон манбаъ, 2/30-31)
Ба навиштаи Хоразмии Ҳанафӣ, Алии Акбар ба ҳамин минвол меҷангид, то яке аз сипоҳи душман ба номи Мунқиз ибни Мурраи Абдӣ ба фарқи сари Алии Акбар ба шамшераш зад ва ӯ афтод.
Вақте асп ҷасади мубораки ӯро ба назди падараш, Ҳусайн овард, Алии Акбар хитоб бо Имом Ҳусайн гуфт:
يَا أبَتَاهْ! هَذَا جَدّى رَسُولُ اللهِ صلى الله عليه و آله و سلم قَدْ سَقَانِى بِكَأسِهِ الاوْفَى شَرْبَةً لَا أظْمَأُ بَعْدَهَا أبَداً وَ هُوَ يَقُولُ لک: الْعَجَلَ! فَإنَّ لَكَ كَأساً مَذْخُورَةً، فصاح الحسین
“Падарҷон! Инак, ҷаддам Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам маро ба косаи худ сероб кард; серобие, ки баъд аз он ҳаргиз ташна намешавам, дар ҳоле, ки ӯ ба ту мегӯяд: Биштоб! Барои ту низ косае захира кардаем. Ин ҷо буд, ки Имом Ҳусайн фарёд кашид…” (Ҳамон манбаъ, 2/31)
Табарӣ менависад, нахустин кушташуда аз фарзандони Абӯтолиб дар он рӯз, Алии Акбар ибни Ҳусайн ибни Алӣ буд, модараш Лайло ибнати Абимурра ибни Урва ибни Масъуди Сақафӣ аст. (Табарӣ, 2/356-357)
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Яман Тел-Авивро мушакборон кард
Гуфторе аз Мутаҳҳарӣ

Матолиби пурбоздид