Ҳузури нируҳои шохаи Хуросони Таҳрири Шом дар шимоли Афғонистон

Ҳузури нируҳои шохаи Хуросони Таҳрири Шом дар шимоли Афғонистон

Оғози фаъолияти нируҳои шохаи Хуросони Таҳрири Шом дар шимоли Афғонистон

Ахбори минтақа

Шохаи Хуросони Таҳрири Шом дар шимоли Афғонистон оғоз ба фаъолият карда ва нируҳои он дар дараи Андароби вилояти Буғлони ин кишвар мустақар шудаанд.

Ба нақл аз манобеъ, як тоҷики афғонистонӣ, маъруф ба Мавлавӣ Абдулфатҳ бо собиқаи ҳашт сол ҳузур дар Ироқ ва Сурия, ба унвони узве аз Доиш, масъулияти раҳбарии ин шоха аз Таҳрири Шомро бар ӯҳда дорад. Ҳамчунин дар мавриди ҳувияти ӯ, гуфта шудааст, ки собит шуда, ки ӯ равобити наздике бо раҳбарони Алқоида ва чандин гурӯҳи террористии дигар дорад.

Манобеъ гузориш додаанд, теъдоди феълии аъзои ин гурӯҳро 500 то 700 нафар, муташаккил аз гурӯҳҳои қавмии тоҷик, ӯзбек, қирғиз, уйғур ва чечен эълом кардааст.

Дар мавриди аҳдофи ин гурӯҳ, манобеи Андрей Серенко гузориш додаанд: Аҳдофи ин гурӯҳ густариши ҷиҳод дар Тоҷикистон ва муқобила бо манофеи Русия, Чин ва Эрон хоҳад буд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таҳлилгари рус: Пас аз Сурия, навбат ба Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мерасад
Чеҳраи воқеии Ҷулонӣ

Матолиби пурбоздид