Ҳукумати сулолаи тоҳириён

Таърих

Ҳукумати сулолаи тоҳириён

Таърих

Тоҳириён – нахустин ҳукумати мустақилли эронӣ баъд аз ислом

Як рӯз пас аз он ки Тоҳир ибни Ҳусайн, поягузори силсилаи Тоҳириён, болои минбар рафт ва номи Маъмунро дар хутба зикр накард, даргузашт, аммо ин хутба раванде буд, ки заминаи ҳукумати мустақил дар Эрон шакл бигирад…

Тоҳириён аввалин ҳукумати мустақилли Эрон баъд аз вуруди ислом аст. Аввалҳои қарни севвум, Тоҳир ибни Ҳусайн — яке аз сардорони Маъмуни Аббосӣ, аз тарафи ӯ амири Хуросон шуд ва баъд аввалин ҳукумати мустақилли эрониро баъд аз ислом дар Эрон ташкил ва ҳукумати ӯ ба Тоҳириён маъруф шуд. Дар замони Тоҳириён буд, ки Нишопур ба пойтахтӣ баргузида шуд.

Тоҳириён дар ҷанг бо Хавориҷ дар шарқи Эрон ба пирӯзӣ даст ёфтанд ва низ сарзаминҳои дигаре монанди Систон ва қисмате аз Фарорудро ба тасарруф дароварданд ва назму амниятро дар марзҳо барқарор карданд. Гуфта мешавад, ки дар замони ҳукумати Тоҳириён, ба далели аҳаммият додани онон ба кишоварзӣ, кишоварзон ба осудагӣ зиндагӣ мекарданд.

Пас аз он ки Маъмун дар соли 204 ҳ.қ. ба Бағдод омад, Тоҳир ба риёсати шурта (риёсати пулис) дар ду сӯи шарқу ғарби Диҷла дар Бағдод мансуб шуд ва дар соли 205 ҳ.қ. Маъмун ӯро дар натиҷаи ҳодисае, ба ҳукумати шарқи хилофат мансуб кард.

Мегӯянд, Тоҳир дар соли 207 ҳ.қ. дар намози ҷумъа болои минбар рафт ва номи Маъмунро дар хутба зикр накард. (Одат бар ин буд, ки волиён дар хутба номи халифаро зикр мекарданд.) Рӯзи баъд Тоҳирро дар рахти хобаш мурда ёфтанд.

Давлати Тоҳириён аввалин давлати исломӣ буд, ки дар даврони хилофат дар Эрон ба вуҷуд омад ва бахши қобили таваҷҷӯҳе аз Эронзаминро аз назорати мустақими халифаи Бағдод хориҷ кард. Ин давлат дар касби қудрат ва ҳифзи он, мӯҳтоҷ ба эъмоли хушунат дар муқобили хулафо нашуд.

Тоҳир ибни Ҳусайн маъруф ба “Зуляминайн», ки ин давлат ба василаи вай бунёд шуд, аз Хуросон буд. Хонадонаш эронинажод ва порсизабон буданд, ки аз муддатҳо пеш дар Ҳирот шӯҳрату қудрат доштанд.

Дар охирҳои хилофати Ҳорун ва дар даврае, ки Маъмун дар Хуросон иқомат дошт, Тоҳир ва падараш Ҳусайн мавриди таваҷҷӯҳи Маъмун воқеъ шуданд. Ва аз он ҷо, ки Тоҳир чанд соли баъд, дар кашмакаше, ки байни Маъмун ва бародараш Амин бар сари хилофат даргирифт ва муваффақ ба ғалаба бар сипоҳи Амин ва таъмини хилофати Маъмун шуд (соли 198 ҳ.қ), дар дастгоҳи хилофат ҳайсият ва эътибори қобили мулоҳизае пайдо кард.

Тоҳир пас аз ғалаба бар Алӣ ибни Исо (фармондеҳи Амин Аббосӣ) ба самти Бағдод шитофт ва Бағдодро муҳосира кард. Оқибат баъд аз ду солу чанд моҳ, мардуми хаста ва малули Бағдод аз Тоҳир амон хостанд. Амин ба асорати Тоҳир даромад ва ба дастури фармондеҳ сарашро аз пушт буриданд ва пеши Тоҳир бурданд ва фармон дод, то он сарро ба яке аз дарвозаҳои Бағдод биовезанд. Тоҳир бар Бағдод истило ёфт ва сари Аминро бо номаи фатҳ ба Маъмун фиристод.

Маъмун баъд аз фатҳи Бағдод халифаи мусалмонон лақаб гирифт. Халифа барои ин ки қотили бародарро аз пеши чашми худ дур кунад, вилояти Хуросонро ба Тоҳир супурд. Албатта, ин супурдан шомили фармонравоии Систон ва Кирмон низ мешуд ва муштамил бар назорат бар Фарорӯд ва аҳёнан идомаи футуҳоти исломӣ дар он манотиқ буд.

Бад-ин гуна, қаламрави ҳукумати Тоҳир ба қавли Табарӣ, аз Бағдод то дуртарин сарзаминҳои шарқро шомил буд. Дар Хуросон Тоҳир хостори истиқлол шуд ва мӯҷиби нигаронии халифа шуд, аммо баъд аз марги машкуки вай, ки билофосила баъд аз ҳазфи номи Маъмун аз хутбаи намози ҷумъа воқеъ шуд (дар соли 207 ҳ.қ.), халифа худро ночор дид ҳукумати Хуросонро ба писари вай — Талҳа ибни Тоҳир вогузор кунад.

Бад-ин сон, ҳукумати Хуросон дар хонадони Тоҳир ба сурати маврусӣ даромад. Халифа ҳам бо қабули ҳукумати Талҳа, вобастагии онро ба хилофати Бағдод баргардонд, албатта дар зоҳир.

Муҳимтарин ҳодиса дар даврони Талҳа, ҷанги ӯ бо Хавориҷи Систон ва раҳбари онҳо Ҳамзаи Озарак буд. Ҳамза барои нахустин бор барои худ лақаби “амирулмӯъминин” гузошт. Саранҷом тавассути Талҳа ибни Тоҳир саркӯб шуд.

Баъд аз марги Ҳамзаи Озарак, Абӯавф раҳбарии Хавориҷро бар ӯҳда гирифт ва Хуросон ва Систонро арсаи тохту този худ қарор дод. Баъд аз марги Талҳа ибни Тоҳир, Абдуллоҳ ибни Тоҳир, ки фармондеҳи шуртаи Бағдод буд, ба ҷойи Талҳа нишаст.

Ӯ дар давроне, ки дар хидмати халифаи аббосӣ буд, фитнаи Наср ибни Шабасро дар Риққа саркӯб кард. Абдуллоҳ ба Хуросон рафт ва маркази ҳукумати худро Нишопур қарор дод. Пас аз шаҳодати Имом Ризо (а) ба дасти Маъмун, Муҳаммад ибни Қосими Алавӣ мулаққаб ба “Сӯфӣ” қиёми бузурге дар Толиқон ба роҳ андохт.

Абдуллоҳ ибни Тоҳир муваффақ шуд ин қиёмро саркӯб кунад. Баъд аз марги Маъмун ва рӯи кор омадани Муътасим, ин халифаи ҷадид Абдуллоҳ ибни Тоҳирро маъмури саркӯби Мозиёр ва Афшин дар Табаристон кард. Абдуллоҳ шӯриши Мозиёрро дафъ кард, аммо ба иллати дӯстӣ бо Афшин, аз саркӯби он худдорӣ кард.

Сипас Тоҳир ибни Абдуллоҳ (Тоҳири Сонӣ) аз ҷониби халифа Восиқ ба ҳукумати Хуросон гумошта шуд. Дар замони ӯ Айёрон ва Хавориҷ Систонро тасарруф карданд ва бад-ин тартиб Систон аз Хуросон ҷудо шуд ва ба истиқлол расид.

Охирин ҳукмрони Тоҳириён Муҳаммад ибни Тоҳир буд. Дар замони ӯ ду қиёми умда рух дод: яке қиёми Қатили Шоҳӣ (Яҳё ибни Умар) дар Куфа ва Восит буд, ки тавассути Муҳаммад ибни Тоҳир саркӯб шуд, ва дигаре қиёми Ҳасан ибни Зайди Алавӣ дар Табаристон буд. Дар соли 259 ҳ.қ. Яъқуби Лайси Саффорӣ ба баҳонаи таъқиби писарони Солеҳи Сигазӣ, ки ба Хуросон паноҳ бурда буданд, ба онҷо лашкар кашид ва бо тасарруфи Нишопур ба умри дудмони Тоҳириён поён бахшид.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тоҷикистон; масири сисолаи истиқлол
Маҳкумияти ҳамлаи низомии Русия аз тарафи G20

Матолиби пурбоздид